https://sputnik.tj/20211231/darkhosti-kumaki-muhojiron-namoyandagi-vazorati-mehnat-1044556747.html
Дархости кумаки даҳҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ ба намояндагии вазорати меҳнат
Дархости кумаки даҳҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ ба намояндагии вазорати меҳнат
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар соли равон ба даҳҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ ва кӯмакҳои ҳуқуқии амалӣ расонидааст
2021-12-31T17:25+0500
2021-12-31T17:25+0500
2021-12-31T17:25+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
кӯмак
муроҷиат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044488750_0:93:2783:1658_1920x0_80_0_0_f167ca176e9561080640b6e30411a31c.jpg
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Тибқи иттилои намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷкистон дар Русия, дар соли 2021 вобаста ба татбиқи иҷрои фармони мазкур дар самти қонунигардонии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ба 18610 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ расонида шуда, аз ин шумора 14857 нафар тавсияҳои ҳуқуқӣ ва ба 35763 нафар шаҳрвандон кӯмакҳои ҳуқуқии амалӣ расонида шудааст.Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар соли ҷорӣ масъулини Намояндагӣ 221 вохӯриву мулоқотҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ анҷом доданд.Қайд карда шудааст, ки мақсади ин гуна дидорҳо бо муҳоҷирон тақвияти корҳои иттилоотӣ, барои тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ дар раванди қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ғайри расмӣ дар қаламрави Русия қарор доранд, мебошад.Ҳамзамон Намояндагӣ қайд кардааст, ки дар соли ҷорӣ масъулини ин ниҳоди давлатӣ барои сари вақт баррасӣ ва бартараф намудани мушкилоти ба миёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳким бахшидан ва рушди ҳамкориҳо бо давлати қабулкунанда дар масоили муҳоҷират бо дарназардошти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо Сарраёсати кор бо муҳоҷиратии ВКД Русия, прокуратура, суд, шӯъбаҳои полис, Кумитаҳои тафтишотӣ, Марказҳои нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ ташкилоту созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ 83 мулоқоту вохӯриҳои судманди кориро роҳандозӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
https://sputnik.tj/20211231/hushdor-maqomot-muhojiron-qayd-tark-namoed-1044553892.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044488750_204:0:2783:1934_1920x0_80_0_0_a5f16f7d60431838d1f44a9b99d0c2f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, намояндагӣ, вазорати меҳнат, кумак
русия, тоҷикистон, намояндагӣ, вазорати меҳнат, кумак
Дархости кумаки даҳҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ ба намояндагии вазорати меҳнат
Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар соли равон ба даҳҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ ва кӯмакҳои ҳуқуқии амалӣ расонидааст
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Тибқи иттилои намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷкистон дар Русия, дар соли 2021 вобаста ба татбиқи иҷрои фармони мазкур дар самти қонунигардонии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ба 18610 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ расонида шуда, аз ин шумора 14857 нафар тавсияҳои ҳуқуқӣ ва ба 35763 нафар шаҳрвандон кӯмакҳои ҳуқуқии амалӣ расонида шудааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар соли ҷорӣ масъулини Намояндагӣ 221 вохӯриву мулоқотҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ анҷом доданд.
Қайд карда шудааст, ки мақсади ин гуна дидорҳо бо муҳоҷирон тақвияти корҳои иттилоотӣ, барои тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ дар раванди қонунигардонии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ғайри расмӣ дар қаламрави Русия қарор доранд, мебошад.
Ҳамзамон Намояндагӣ қайд кардааст, ки дар соли ҷорӣ масъулини ин ниҳоди давлатӣ барои сари вақт баррасӣ ва бартараф намудани мушкилоти ба миёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳким бахшидан ва рушди ҳамкориҳо бо давлати қабулкунанда дар масоили муҳоҷират бо дарназардошти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо Сарраёсати кор бо муҳоҷиратии ВКД Русия, прокуратура, суд, шӯъбаҳои полис, Кумитаҳои тафтишотӣ, Марказҳои нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ ташкилоту созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ 83 мулоқоту вохӯриҳои судманди кориро роҳандозӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.