https://sputnik.tj/20220106/suhbat-rahmon-toqaev-mirziyoev-pashinyan-mukolama-1044626169.html
Суҳбати Раҳмон бо Тоқаев, Мирзиёев ва Пашинян: аз умеди муколама то розигӣ ба ирсоли нерӯ
Суҳбати Раҳмон бо Тоқаев, Мирзиёев ва Пашинян: аз умеди муколама то розигӣ ба ирсоли нерӯ
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои қазоқаш Қосим-Ҷомарт Тоқаев вазъ дар Қазоқистонро баррасӣ карда, изҳори умед намудааст, ки субот аз тариқи муколама барқарор мешавад
2022-01-06T14:48+0500
2022-01-06T14:48+0500
2022-01-06T15:37+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
суҳбат
никол пашинян
қосим -жомарт тоқаев
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/14/1039576033_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_c2563aa0c3648ccbbe8240402c2acfde.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои ҳамсоя, омодагии ҷумҳуриро барои иштирок дар таъмини сулҳу тартибот дар Қазоқистон баён доштаст. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, суҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони Қазоқистону Ӯзбекистон рӯзи 6 январ ва сарвазири Арманистон 5 январ сурат гирифтанд. Манбаъ афзуд, ки зимни суҳбат Тоқев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъият дар кишвар ва тадбирҳои андешидааш барои эътидоли он маълумот дод. Раҳмон аз талошҳои Тоқаев ҷонибдорӣ намуда, изҳори умед кардаст, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд. Президенти Тоҷикистон ба ҳамтои қазоқаш инчунин омодагии ҷумҳуриро барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД эълом кардаст. Вазъи Қазоқистон ҳамчунин аз мавзӯҳои меҳварии суҳбати Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон будаанд. Онҳо изҳори умедворӣ карданд, ки оромӣ ва тартибот ҳарчи зудтар барқарор хоҳанд шуд ва омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахши таъмини сулҳу амният дар минтақа таъкид намудаанд. Никол Пашинян, сарвазири Арманистон, дар суҳбат бо Раҳмон аз кумакхоҳии Тоқаев дар бартараф намудани таҳдиди бамиёномада маълумот дод. Раисҷумҳури Тоҷикистон омодагӣ барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД-ро дигарбора таъйид намудаст. Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.
https://sputnik.tj/20220106/tojikiston-chand-nafar-nizomi-qazoqiston-1044627745.html
https://sputnik.tj/20220106/tojikiston-amaliyoti-sulhofari-qazoqiston-ishtirok-1044623553.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/14/1039576033_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_694c6210094e3d1c7722c5d86c95e5d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
умед, раҳмон, муколама, қазоқистон, суҳбат, нерӯ
умед, раҳмон, муколама, қазоқистон, суҳбат, нерӯ
Суҳбати Раҳмон бо Тоқаев, Мирзиёев ва Пашинян: аз умеди муколама то розигӣ ба ирсоли нерӯ
14:48 06.01.2022 (Навсозишуда: 15:37 06.01.2022) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои қазоқаш Қосим-Ҷомарт Тоқаев вазъ дар Қазоқистонро баррасӣ карда, изҳори умед намудааст, ки субот аз тариқи муколама барқарор мешавад
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои ҳамсоя, омодагии ҷумҳуриро барои иштирок дар таъмини сулҳу тартибот дар Қазоқистон баён доштаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, суҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони Қазоқистону Ӯзбекистон рӯзи 6 январ ва сарвазири Арманистон 5 январ сурат гирифтанд.
Манбаъ афзуд, ки зимни суҳбат Тоқев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъият дар кишвар ва тадбирҳои андешидааш барои эътидоли он маълумот дод.
Раҳмон аз талошҳои Тоқаев ҷонибдорӣ намуда, изҳори умед кардаст, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд. Президенти Тоҷикистон ба ҳамтои қазоқаш инчунин омодагии ҷумҳуриро барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД эълом кардаст.
Вазъи Қазоқистон ҳамчунин аз мавзӯҳои меҳварии суҳбати Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон будаанд. Онҳо изҳори умедворӣ карданд, ки оромӣ ва тартибот ҳарчи зудтар барқарор хоҳанд шуд ва омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахши таъмини сулҳу амният дар минтақа таъкид намудаанд.
Никол Пашинян, сарвазири Арманистон, дар суҳбат бо Раҳмон аз кумакхоҳии Тоқаев дар бартараф намудани таҳдиди бамиёномада маълумот дод. Раисҷумҳури Тоҷикистон омодагӣ барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД-ро дигарбора таъйид намудаст.
Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.