Тасдиқи хароҷоти солонаи Маҷлиси миллӣ

© Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии ТоҷикистонРустами Эмомалӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Обуна шудан
Маҷлиси миллии Тоҷикистон сметаи хароҷоташро барои соли 2022 тасдиқ намуд, ки дар асоси Қонуни буҷа барои соли оянда таҳия шудааст
ДУШАНБЕ, 22 дек – Sputnik. Ҳаҷми хароҷоти солонаи Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 4,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ин нукта дар сметаи хароҷот барои соли 2022, ки ахиран Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ онро тасдиқ кард, таъкид шудааст.
Илёс Идрисзода, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар шарҳи хароҷоти соли оянда изҳор дошт, ки ин маблағ асосан барои пардохти музди меҳнат, хароҷоти мол, хидмат­расониҳо ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона мегардад.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Дар Тоҷикистон бештар аз нақшаи пешбинишуда ба буҷа маблағ ворид кардаанд
Идрисзода афзуд, дар сохтор ва рӯйхати вазифаҳои дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, ки ҳанӯз соли 2019 тасдиқ шудаанд, ягон тағйирот ворид нагардидааст. Ба иттилои манбаъ, басти вазифаҳои дастгоҳи палатаи болоии парлумон аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.
Бар асоси Қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2021, сметаи хароҷоти Маҷлиси миллӣ дар соли равон 3,9 миллион сомонӣ тасдиқ шуда буд. Рӯйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар соли равон низ аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.
Лентаи хабарҳо
0