https://sputnik.tj/20220106/bonki-qazoq-kor-tojikiston-mutavaqqif-1044625462.html
Бонки қазоқӣ корашро дар Тоҷикистон мутаваққиф кард
Бонки қазоқӣ корашро дар Тоҷикистон мутаваққиф кард
Sputnik Тоҷикистон
Halyk Bank дар Тоҷикистон, ки зерсохтори Бонки мардумии Қазоқистон мебошад, хизматрасониҳояшро мутаваққиф кардаст
2022-01-06T14:11+0500
2022-01-06T14:11+0500
2022-01-06T14:56+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонк
фаъолият
қазоқистон
интернет
қатъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/05/1041419753_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_2364ba82c103782a6d48083d329d285f.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Halyk Bank дар Тоҷикистон халалдор шудани корашро ба нуқсонҳои техникӣ рабт дод, ки дар пайи нооромиҳои рӯзҳои охир дар Қазоқистон пайдо шудаанд. "Бо сабабҳои ихтилоли шабакаҳои алоқаи провайдер дар Қазоқистон нуқсонҳои техникӣ ба амал омадаанд", - изҳор дошт Halyk Bank ва таъкид намудаст, ки ин ба фаъолияти бонк таъсир кард.Halyk Bank афзуд, бо бартараф намудани нуқсонҳои техникӣ ва барқарор намудани фаъолияти пурраи хизматрасониҳо муштариёнро огоҳ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Бонки миллии Қазоқистон низ эълон кард, ки ба далели ҳолати фавқулодда ва қатъи интернету дигар масоили амниятӣ фаъолияти бонкҳоро мутаваққиф мекунад. Halyk Bank дар Тоҷикистон, зертобеи Бонки мардумии Қазоқистон мебошад, ки қаблан аз тасмимаш барои қатъи фаъолият хабар дода буд. Аз ҷумла тобистони соли гузашта хабар дода шуд, ки гуруҳи Halyk аз натиҷаи таҳлилҳо ба хулосае омад, ки Тоҷикистонро тарк кунаду ба фаъолиятҳои дигари ояндадор тамаркуз намояд. Аммо баъдан боз эълон шуд, ки ин бонк роҳҳои идомаи фаъолияташ дар Тоҷикистонро меҷӯяду қарори рафтан аз бозорро лағв кардаст. Мақомоти Тоҷикистон аз тасмими ин бонк барои идомаи фаъолият дар Тоҷикистон истиқбол карда буданд. Дар маълумотномаи марбути Бонки мардумии Қазоқистон омадааст, ки он аз гуруҳҳои пешсафи молиявии ин кишвар буда, дар давлатҳои дигари ИДМ – Гурҷистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия низ фаъолият мекунад.
https://sputnik.tj/20220106/tojikiston-amaliyoti-sulhofari-qazoqiston-ishtirok-1044623553.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/05/1041419753_277:0:998:541_1920x0_80_0_0_c7bb74adc01bcdf2bf16fd817e150fd0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бонки мардумӣ, қазоқистон, мутаваққиф, кор
бонки мардумӣ, қазоқистон, мутаваққиф, кор
Бонки қазоқӣ корашро дар Тоҷикистон мутаваққиф кард
14:11 06.01.2022 (Навсозишуда: 14:56 06.01.2022) Halyk Bank дар Тоҷикистон, ки зерсохтори Бонки мардумии Қазоқистон мебошад, хизматрасониҳояшро мутаваққиф кардаст
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Halyk Bank дар Тоҷикистон халалдор шудани корашро ба нуқсонҳои техникӣ рабт дод, ки дар пайи нооромиҳои рӯзҳои охир дар Қазоқистон пайдо шудаанд.
"Бо сабабҳои ихтилоли шабакаҳои алоқаи провайдер дар Қазоқистон нуқсонҳои техникӣ ба амал омадаанд", - изҳор дошт Halyk Bank ва таъкид намудаст, ки ин ба фаъолияти бонк таъсир кард.
Halyk Bank афзуд, бо бартараф намудани нуқсонҳои техникӣ ва барқарор намудани фаъолияти пурраи хизматрасониҳо муштариёнро огоҳ хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки Бонки миллии Қазоқистон низ эълон кард, ки ба далели ҳолати фавқулодда ва қатъи интернету дигар масоили амниятӣ фаъолияти бонкҳоро мутаваққиф мекунад.
Halyk Bank дар Тоҷикистон, зертобеи Бонки мардумии Қазоқистон мебошад, ки қаблан аз тасмимаш барои қатъи фаъолият хабар дода буд.
Аз ҷумла тобистони соли гузашта хабар дода шуд, ки гуруҳи Halyk аз натиҷаи таҳлилҳо ба хулосае омад, ки Тоҷикистонро тарк кунаду ба фаъолиятҳои дигари ояндадор тамаркуз намояд. Аммо баъдан боз эълон шуд, ки ин бонк роҳҳои идомаи фаъолияташ дар Тоҷикистонро меҷӯяду қарори рафтан аз бозорро лағв кардаст. Мақомоти Тоҷикистон аз тасмими ин бонк барои идомаи фаъолият дар Тоҷикистон истиқбол карда буданд.
Дар маълумотномаи марбути Бонки мардумии Қазоқистон омадааст, ки он аз гуруҳҳои пешсафи молиявии ин кишвар буда, дар давлатҳои дигари ИДМ – Гурҷистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия низ фаъолият мекунад.