Ҳавопаймое, ки аз Душанбе ба Челябинск парвоз дошт, дар Екатеринбург нишаст: Чаро?

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Самолёт / Гузариш ба медиабонкРабота аэродромных служб в аэропорту
Работа аэродромных служб в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Обуна шудан
Ҳавопаймое, ки бо мусофирон аз Тоҷикистон ба Челябинск парвоз кард, ба далели номусоидии обуҳаво маҷбур шуд, дар Екатеринбург фуруд ояд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар Урал бинобар шароити номусоиди бодуҳавоӣ дар фурудгоҳи Челябинск парвозҳо ба таъхир афтода, бисёре аз ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳҳои дигар ҳидоят мешаванд, иттилоъ додааст ширкати ҳавопаймоии мазкур.
Манбаъ меафзояд, ҳавопаймое, ки аз Душанбе ба фурудгоҳи Курчатови Челябинск парвоз кард, маҷбур шуд, дар фурудгоҳи Екатеринбург ба замин нишинад.
Феълан маълум нест, ки кай парвоз аз Душанбе ба макони таъйинот мерасад.
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Билетро гарон накунед: Тоҷикистон гуфт, ки кай шумораи парвозҳо ба Русия бештар мешавад
Дар ҳамин ҳол халабонҳои ҳавопаймои Душанбе - Красноярск маҷбур шудаанд, ки ба фурудгоҳи дигари Русия парвоз кунанд.
Ба фурудгоҳи Курчатов даҳҳо парвозҳои ба таъхирафтода фуруд меоянд.
Дар ҳамин ҳол дар фурудгоҳи Екатеринбург хоҳишмандони сафар ба Маскав, Киров, Санкт-Петербург ва Калининград низ маҷбур буданд, ки вақти парвози мусоиди худро интизор шаванд.
Лентаи хабарҳо
0