https://sputnik.tj/20210322/dilshod-nazarov-doping-vazifa-1033045508.html
Роҳбари Ассотсиатсияи варзиши сабук: Дилшод Назаров бояд вазифаашро тарк кунад
Роҳбари Ассотсиатсияи варзиши сабук: Дилшод Назаров бояд вазифаашро тарк кунад
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз боздоштан аз Олимпиадаи Токио-2020, масъулини варзиши аврупоӣ ишора карданд, ки Дилшод Назаров бояд аз мақомаш истеъфо диҳад 22.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-22T09:00+0500
2021-03-22T09:00+0500
2021-03-22T12:12+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дилшод назаров
вазифа
тарк
допинг
оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102474/80/1024748084_0:0:2725:1534_1920x0_80_0_0_c43b18e41633ab341f37d003b961ebe2.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук Себастян Коу дар бораи маҳрум кардани гурзандози тоҷик Дилшод Назаров изҳори назар кард.Корманди соҳаи варзиш гуфт, ки Назаров бояд аз мақоми раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон хориҷ шавад. Вай дар як нишасти матбуотӣ пас аз ҷаласаи Шӯрои ҷаҳонии варзиши сабук ин нуктаро изҳор дошт."Дар гузашта ҳолатҳое буданд, ки роҳбарони федератсия ё мансабдорони баландпоя, ки қоидаҳои зидди допингро вайрон карданд, баъдан истеъфо доданд. Аз ин рӯ, бояд интизор шуд, ки ин варзишгар ба ҳайси раҳбари федератсияи маҳаллӣ фаъолият нахоҳад кард", - гуфт Коу.Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров барои допинг ба муддати ду сол аз мусобиқоти варзишӣ маҳрум карда шуд. Гуфта мешавад, пас аз дубора санҷидани намунаҳои допинг аз ӯ дар ҷараёни Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Тэгуи Куреи Ҷанубӣ, ки дар он ҷо ӯ 10 хол гирифта буд, муҷозот шуд. Дар хуни ӯ моддаи манъшудаи дегидрохлорметилтестостерон (DHCMT) ёфт шудааст, хабар дода буд ниҳоди мустақил бар зидди падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU).Дилшод Назаров ба истифодаи допинг гунаҳагор ва 2 сол аз мусобиқот маҳрум шудБояд қайд кард, ки натиҷаҳои варзишгар, ки тӯли ду сол аз 29 августи 2011 то 29 августи соли 2013 нишон дода буд, бекор карда мешаванд. Вай инчунин аз 24 сентябри соли 2019 сар карда, барои ду сол аз мусобиқаҳои варзишӣ маҳрум карда шуд.Варзишгар ягон медали олимпии худро аз даст надод, аммо бинобар маҳрум шудан, ӯ Олимпиадаи соли 2020 дар Токиоро, ки моҳи июли соли 2021 оғоз мешавад, аз даст дод."Варзиш ба сиёсати ифлос табдил шуд": интиқоди варзишгарони тоҷик аз қазияи НазаровХуди Назаров дар вокунишаш ба ин тасмим гуфт, ҳама талошҳояш барои рафъи иттиҳомот натиҷа надоданд ва мақсади ягона дур сохтани ӯ аз Олимпиадаи Токиё буд, зеро дар майдон ҳарифе пурқувваттар аз ӯ набуд.
https://sputnik.tj/20210319/Vokunish-Nazarov-qarori-AIU-1033028153.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102474/80/1024748084_265:0:2684:1814_1920x0_80_0_0_e4a58f981aa676200e365e6bed9941d9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, дилшод назаров, вазифа, тарк, допинг, оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, дилшод назаров, вазифа, тарк, допинг, оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ
Роҳбари Ассотсиатсияи варзиши сабук: Дилшод Назаров бояд вазифаашро тарк кунад
09:00 22.03.2021 (Навсозишуда: 12:12 22.03.2021) Пас аз боздоштан аз Олимпиадаи Токио-2020, масъулини варзиши аврупоӣ ишора карданд, ки Дилшод Назаров бояд аз мақомаш истеъфо диҳад
ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук Себастян Коу дар бораи маҳрум кардани гурзандози тоҷик Дилшод Назаров изҳори назар кард.
Корманди соҳаи варзиш гуфт, ки Назаров бояд аз мақоми раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон хориҷ шавад. Вай дар як нишасти матбуотӣ пас аз ҷаласаи Шӯрои ҷаҳонии варзиши сабук ин нуктаро изҳор дошт.
"Дар гузашта ҳолатҳое буданд, ки роҳбарони федератсия ё мансабдорони баландпоя, ки қоидаҳои зидди допингро вайрон карданд, баъдан истеъфо доданд. Аз ин рӯ, бояд интизор шуд, ки ин варзишгар ба ҳайси раҳбари федератсияи маҳаллӣ фаъолият нахоҳад кард", - гуфт Коу.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров барои допинг ба муддати ду сол аз мусобиқоти варзишӣ маҳрум карда шуд. Гуфта мешавад, пас аз дубора санҷидани намунаҳои допинг аз ӯ дар ҷараёни Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Тэгуи Куреи Ҷанубӣ, ки дар он ҷо ӯ 10 хол гирифта буд, муҷозот шуд. Дар хуни ӯ моддаи манъшудаи дегидрохлорметилтестостерон (DHCMT) ёфт шудааст, хабар дода буд ниҳоди мустақил бар зидди падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (AIU).
Бояд қайд кард, ки натиҷаҳои варзишгар, ки тӯли ду сол аз 29 августи 2011 то 29 августи соли 2013 нишон дода буд, бекор карда мешаванд. Вай инчунин аз 24 сентябри соли 2019 сар карда, барои ду сол аз мусобиқаҳои варзишӣ маҳрум карда шуд.
Варзишгар ягон медали олимпии худро аз даст надод, аммо бинобар маҳрум шудан, ӯ Олимпиадаи соли 2020 дар Токиоро, ки моҳи июли соли 2021 оғоз мешавад, аз даст дод.
Худи Назаров дар вокунишаш ба ин тасмим гуфт, ҳама талошҳояш барои рафъи иттиҳомот натиҷа надоданд ва мақсади ягона дур сохтани ӯ аз Олимпиадаи Токиё буд, зеро дар майдон ҳарифе пурқувваттар аз ӯ набуд.