https://sputnik.tj/20220104/tolibon-chsarkhbol-tojikiston-uzbekiston-bargardonand-video-1044604397.html
Расонаҳо: Толибон мехоҳанд чархболҳоро аз Тоҷикистону Ӯзбекистон баргардонанд - видео
Расонаҳо: Толибон мехоҳанд чархболҳоро аз Тоҷикистону Ӯзбекистон баргардонанд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Толибон расман аз ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон даъват намудаанд, ки чархболҳои онҳоро бозпас диҳанд
2022-01-04T19:39+0500
2022-01-04T19:39+0500
2022-01-10T17:05+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041704956_0:129:3185:1921_1920x0_80_0_0_53d294993715f88b54abec29a0b9deb9.jpg
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Намояндагони толибон бо ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сари масъалаи бозпас гирифтани чархболҳо гуфтушунид сар карданд, хабар медиҳад Tolo News.Манбаъ меафзояд, гап сари чархболҳое меравад, ки халабонҳои афғонистонӣ пас аз иваз шудани қудрат дар Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон фирор карданд.Ин шабака аз қавли Иномулло Самангонӣ, сухангӯи Толибон гуфтааст, "беш аз 40 ҳавопаймо ба кишварҳои ҳамсоя, умдатан ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бурда шуданд ва феълан музокирот дар бораи бозгашти онҳо оғоз шудааст", - тавзеҳ додааст Иноятулло Хоразмӣ намояндаи вазорати мудофиаи Афғонистон.Дар ҳамин ҳол, шумораи дақиқи ҳавопаймоҳои дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дармондашуда маълум нест, менависад Tolo News.Бояд зикр намуд, ки Амрико давоми 20 сол ба ҳукуматдорони собиқи Афғонистон миқдори зиёди ҳавопаймо ва дигар техникаҳои ҳавоӣ супурда буданд.
https://sputnik.tj/20211031/khalabonhoi-afghon-havopaymoi-jangi-uzbekistonu-tojikiston-1043190719.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041704956_227:0:2958:2048_1920x0_80_0_0_ab1282af1054e680626a9b052f7cd1a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон чархбол тоҷикистон ӯзбекистон
толибон чархбол тоҷикистон ӯзбекистон
Расонаҳо: Толибон мехоҳанд чархболҳоро аз Тоҷикистону Ӯзбекистон баргардонанд - видео
19:39 04.01.2022 (Навсозишуда: 17:05 10.01.2022) Толибон расман аз ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон даъват намудаанд, ки чархболҳои онҳоро бозпас диҳанд
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Намояндагони толибон бо ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сари масъалаи бозпас гирифтани чархболҳо гуфтушунид сар карданд, хабар медиҳад Tolo News.
Манбаъ меафзояд, гап сари чархболҳое меравад, ки халабонҳои афғонистонӣ пас аз иваз шудани қудрат дар Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон фирор карданд.
Ин шабака аз қавли Иномулло Самангонӣ, сухангӯи Толибон гуфтааст, "беш аз 40 ҳавопаймо ба кишварҳои ҳамсоя, умдатан ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бурда шуданд ва феълан музокирот дар бораи бозгашти онҳо оғоз шудааст", - тавзеҳ додааст Иноятулло Хоразмӣ намояндаи вазорати мудофиаи Афғонистон.
Дар ҳамин ҳол, шумораи дақиқи ҳавопаймоҳои дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дармондашуда маълум нест, менависад Tolo News.
Бояд зикр намуд, ки Амрико давоми 20 сол ба ҳукуматдорони собиқи Афғонистон миқдори зиёди ҳавопаймо ва дигар техникаҳои ҳавоӣ супурда буданд.