https://sputnik.tj/20211031/khalabonhoi-afghon-havopaymoi-jangi-uzbekistonu-tojikiston-1043190719.html
Халабонҳои афғонистонӣ 25 дарсади ҳавопаймоҳои ҷангиро ба Ӯзбекистону Тоҷикистон бурдаанд
Халабонҳои афғонистонӣ 25 дарсади ҳавопаймоҳои ҷангиро ба Ӯзбекистону Тоҷикистон бурдаанд
Sputnik Тоҷикистон
Миёни санадҳои расмии Амрико маълумоти тоза дар бораи халабонҳои фироркардаи Афғонистон пайдо шуданд, вале аллакай як қисми ин маълумот махфӣ шудаанд
2021-10-31T12:35+0500
2021-10-31T12:35+0500
2021-11-01T17:15+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
ӯзбекистон
ҳавопаймо
ҷангӣ
халабон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041704956_0:129:3185:1921_1920x0_80_0_0_53d294993715f88b54abec29a0b9deb9.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Замоне ки “Толибон”* дар Афғонистон ба сари қудрат омад, халабонхо фирор карда, наздик ба 25 дарсади ҳавопаймоҳоро бо худ бурданд. Дар ин бора дар гузориши семоҳаи нозири кулли бозсозии Афғонистон (SIGAR) хабар дода мешавад.Пеш аз ҳама ин ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистону Ӯзбекистон бурда шуданд. Гуфта мешавад, миёни ҳавопаймоҳое, ки дар ихтиёри нерӯҳои ҳавоии Афғонистон қарор доштанд, ҳавопаймоҳои ҳамлаовари сабуки "А-29 Super Tucano", "UH-60 Black Hawk", MD-530 ва чархболҳои Ми-17 мавҷуд буданд.Ҷон Сопко, мақомдори амрикоӣ дар ин санад навиштааст, ки пурра ифшо кардани ҳаводисро дар пасманзари хуруҷи нирӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон ғайриимкон аст, зеро бархе аз иттилоъ аллакай махфӣ мебошанд.Аз ин рӯ вай маҷбур шуд, ки маълумоти аллакай нашршударо таҳрир кунад.Сопко ҳамчунин қайд кард, ки тамоми вазъи Афғонистонро дар давраи тағйири қудрат метавон "танҳо дар сурате шарҳ дод, ки он маълумоте, ки Вазорати дифоъ ва Департаменти давлатӣ нашри онро аллакай манъ кардаанд, ифшо шавад".Ҳадди аққал Пентагон ба маълумот дар бораи вазъи нерӯҳои амниятии Афғонистон, қувва ва талафоти умумии онҳо аз соли 2015 дастрасии маҳдуд дорад.* гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211031/bolton-tramp-bayden-masuli-khuruji-sharmandavori-afghoniston-1043187864.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041704956_227:0:2958:2048_1920x0_80_0_0_ab1282af1054e680626a9b052f7cd1a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, халабонҳо, ҳавопаймо, ҷангӣ
тоҷикистон, афғонистон, халабонҳо, ҳавопаймо, ҷангӣ
Халабонҳои афғонистонӣ 25 дарсади ҳавопаймоҳои ҷангиро ба Ӯзбекистону Тоҷикистон бурдаанд
12:35 31.10.2021 (Навсозишуда: 17:15 01.11.2021) Миёни санадҳои расмии Амрико маълумоти тоза дар бораи халабонҳои фироркардаи Афғонистон пайдо шуданд, вале аллакай як қисми ин маълумот махфӣ эълон шудаанд
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Замоне ки “Толибон”* дар Афғонистон ба сари қудрат омад, халабонхо фирор карда, наздик ба 25 дарсади ҳавопаймоҳоро бо худ бурданд. Дар ин бора дар гузориши семоҳаи нозири кулли бозсозии Афғонистон (SIGAR) хабар дода мешавад.
Пеш аз ҳама ин ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистону Ӯзбекистон бурда шуданд. Гуфта мешавад, миёни ҳавопаймоҳое, ки дар ихтиёри нерӯҳои ҳавоии Афғонистон қарор доштанд, ҳавопаймоҳои ҳамлаовари сабуки "А-29 Super Tucano", "UH-60 Black Hawk", MD-530 ва чархболҳои Ми-17 мавҷуд буданд.
Ҷон Сопко, мақомдори амрикоӣ дар ин санад навиштааст, ки пурра ифшо кардани ҳаводисро дар пасманзари хуруҷи нирӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон ғайриимкон аст, зеро бархе аз иттилоъ аллакай махфӣ мебошанд.
Аз ин рӯ вай маҷбур шуд, ки маълумоти аллакай нашршударо таҳрир кунад.
Сопко ҳамчунин қайд кард, ки тамоми вазъи Афғонистонро дар давраи тағйири қудрат метавон "танҳо дар сурате шарҳ дод, ки он маълумоте, ки Вазорати дифоъ ва Департаменти давлатӣ нашри онро аллакай манъ кардаанд, ифшо шавад".
Ҳадди аққал Пентагон ба маълумот дар бораи вазъи нерӯҳои амниятии Афғонистон, қувва ва талафоти умумии онҳо аз соли 2015 дастрасии маҳдуд дорад.
* гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон