https://sputnik.tj/20220104/tafsilot-halokat-chor-sokin-panjakent-kon-angisht-1044601218.html
"Тиллои сиёҳ" муҷиби маргашон шуд: тафсилоти ҳалокати чор сокини Панҷакент дар кони ангишт
"Тиллои сиёҳ" муҷиби маргашон шуд: тафсилоти ҳалокати чор сокини Панҷакент дар кони ангишт
Sputnik Тоҷикистон
Баъди ҷустуҷӯ ва такопӯи зиёд аҳли хонавода, чор сокини ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакентро дар ҷое пайдо кардаанд, ки танҳо ҷисми беҷони онҳо дохили кони ангишт боқӣ монда буд
2022-01-04T17:40+0500
2022-01-04T17:40+0500
2022-01-06T15:17+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
панҷакент
ангишт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0e/1044159621_0:52:1000:615_1920x0_80_0_0_92de156ede7732a3c07c9a810aeaeeb1.jpg
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Бино ба иттилоъи дарёфтӣ ҷанозаи ин чаҳор тан сокини Панҷакент, аз ҷумла бародарон Мардони 51 ва Юлдоши 35 - сола аз оилаи Саидовҳо, Сиддиқ Ҷумъаеви 55 - сола ва Ёдгор Ҷалолови 38 - сола соати 11:00 -и рӯзи 3 январ дар қабристони деҳаи Ғазани Поёни ҷамоати Моғиён ба хок супурда шуд. Ин гурӯҳи сокинон асри рӯзи 2 январ барои дарёфти ангишт, ё “тиллои сиёҳ” ба кони мавзеъи Ишакони Панҷакент рафтаанд, аммо аз ихроҷи гази карбон заҳролуд гашта, дар дохили кони ангишт яке паси дигаре ба ҳалокат расидаанд. Шоми ҳамон рӯз бо кӯшиши мақомоти низомӣ ҷасади онҳо аз шаст метрии дохили кон берун кашида шуд. Парвиз Амонзода, сардори КҲФ шаҳри Панҷакент дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳодисаи мудҳиш бегоҳии рӯзи 2 январ замоне рух додааст, ки чаҳор сокини ҷамоати Моғиён ба истихроҷи ғайриқонунии ангишт машғул шудаанд.Дар бораи ин ҳодисаи мудҳиш дафтари матбуоти КҲФ низ дирӯз хабар дода аз ҷумла гуфта буд, ки аз ҳисоби ба хона барнагаштани онҳо хешовандон бонги хатар задаанд. "Онҳо соати 20:30 ба ҷои ҳодиса расида, бо истифода аз респираторҳо ба саҳро ворид шуда, ҷасади ҳалокшудаҳоро аз берун баровардаанд", - омадааст дар хабарномаи КҲФ. Бино ба иттилоъи манобеъ ин гурӯҳи сокинон барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти хонаводагии худ дар фасли сармо ба дарёфти ангишт машғул шудаанд. Фоҷиа дар Панҷакент: Ҳалокати чаҳор тан дар паи заҳролудшавӣ - ду тоашон бародар будандЯк манбаъ аз ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент гуфт, онҳо ангиштро канда ба хонаашон мебурданд ва қисме аз онро бо нархи нисбатан аз бозор арзон ба сокинони дигар фурӯхтанд ва ба ин васила рӯзӣ дарёфт мекарданд. Вақте, онҳо дар даст чангаку метин ва халтаҳо ба ҷӯстуҷӯи ангишт дохили кон мешуданд, гази ғализе аз он макон бархеста муҷиби нафастангии онҳо шудааст. Дар ниҳояти заҳролудшавӣ Мардон ва Юлдош Саидовҳо, Ёдгор Ҷалолов ва Сиддиқ Ҷумъаев яке паси ҳам ба ҳалокат расидаанд. Аз ин рухдоди мудҳиш Бурҳон Урунов аз пайвандони оилаи Саидовҳо огоҳ шуда, аҳли деҳа ва ба мақомот хабар расонидааст. Дар фасли сармо дар шароити рустоҳои Тоҷикистон умдатан сокинон аз ангишту ҳезум ва таппак ҳамчун маводи сӯхт истифода мекунанд. Тибқи мушоҳидаҳо зимистони имсол нархи ангишт дар муқоиса ба як соли қаблӣ дар шаҳру навоҳии Суғд то 55 % боло рафта, ҳар килои он ба 2, 5 сомонӣ дакка задааст.
https://sputnik.tj/20210724/hodisai-nohush-tarkishi-koni-shurobi-isfara-favt-zahmi-1041154674.html
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0e/1044159621_56:0:945:667_1920x0_80_0_0_61b260ef07bd4382a117a844d531c084.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
панҷакент ангишт кон
"Тиллои сиёҳ" муҷиби маргашон шуд: тафсилоти ҳалокати чор сокини Панҷакент дар кони ангишт
17:40 04.01.2022 (Навсозишуда: 15:17 06.01.2022) Баъди ҷустуҷӯ ва такопӯи зиёд аҳли хонавода, чор сокини ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакентро дар ҷое пайдо кардаанд, ки танҳо ҷисми беҷони онҳо дохили кони ангишт боқӣ монда буд
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Бино ба иттилоъи дарёфтӣ ҷанозаи ин чаҳор тан сокини Панҷакент, аз ҷумла бародарон Мардони 51 ва Юлдоши 35 - сола аз оилаи Саидовҳо, Сиддиқ Ҷумъаеви 55 - сола ва Ёдгор Ҷалолови 38 - сола соати 11:00 -и рӯзи 3 январ дар қабристони деҳаи Ғазани Поёни ҷамоати Моғиён ба хок супурда шуд.
Ин гурӯҳи сокинон асри рӯзи 2 январ барои дарёфти ангишт, ё “тиллои сиёҳ” ба кони мавзеъи Ишакони Панҷакент рафтаанд, аммо аз ихроҷи гази карбон заҳролуд гашта, дар дохили кони ангишт яке паси дигаре ба ҳалокат расидаанд.
Шоми ҳамон рӯз бо кӯшиши мақомоти низомӣ ҷасади онҳо аз шаст метрии дохили кон берун кашида шуд.
Парвиз Амонзода, сардори КҲФ шаҳри Панҷакент дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳодисаи мудҳиш бегоҳии рӯзи 2 январ замоне рух додааст, ки чаҳор сокини ҷамоати Моғиён ба истихроҷи ғайриқонунии ангишт машғул шудаанд.
"Онҳо пеш аз машғул шудан ба ангиштканӣ қоидаҳои бехатарии кор дар конҳоро риоя накардаанд. Мутаасифона бар асари хориҷшавии чангу гарди зиёд чаҳор нафар дар дохили кон ба ҳалокат расидаанд”, - гуфт сардори КҲФ.
Дар бораи ин ҳодисаи мудҳиш дафтари матбуоти КҲФ низ дирӯз хабар дода аз ҷумла гуфта буд, ки аз ҳисоби ба хона барнагаштани онҳо хешовандон бонги хатар задаанд.
"Онҳо соати 20:30 ба ҷои ҳодиса расида, бо истифода аз респираторҳо ба саҳро ворид шуда, ҷасади ҳалокшудаҳоро аз берун баровардаанд", - омадааст дар хабарномаи КҲФ.
Бино ба иттилоъи манобеъ ин гурӯҳи сокинон барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти хонаводагии худ дар фасли сармо ба дарёфти ангишт машғул шудаанд.
Як манбаъ аз ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент гуфт, онҳо ангиштро канда ба хонаашон мебурданд ва қисме аз онро бо нархи нисбатан аз бозор арзон ба сокинони дигар фурӯхтанд ва ба ин васила рӯзӣ дарёфт мекарданд. Вақте, онҳо дар даст чангаку метин ва халтаҳо ба ҷӯстуҷӯи ангишт дохили кон мешуданд, гази ғализе аз он макон бархеста муҷиби нафастангии онҳо шудааст. Дар ниҳояти заҳролудшавӣ Мардон ва Юлдош Саидовҳо, Ёдгор Ҷалолов ва Сиддиқ Ҷумъаев яке паси ҳам ба ҳалокат расидаанд.
Аз ин рухдоди мудҳиш Бурҳон Урунов аз пайвандони оилаи Саидовҳо огоҳ шуда, аҳли деҳа ва ба мақомот хабар расонидааст.
Дар фасли сармо дар шароити рустоҳои Тоҷикистон умдатан сокинон аз ангишту ҳезум ва таппак ҳамчун маводи сӯхт истифода мекунанд. Тибқи мушоҳидаҳо зимистони имсол нархи ангишт дар муқоиса ба як соли қаблӣ дар шаҳру навоҳии Суғд то 55 % боло рафта, ҳар килои он ба 2, 5 сомонӣ дакка задааст.