https://sputnik.tj/20210724/hodisai-nohush-tarkishi-koni-shurobi-isfara-favt-zahmi-1041154674.html
Ҳодисаи нохуш: таркише дар кони Шӯроби Исфара куштаву захмӣ ба ҷой гузошт
Ҳодисаи нохуш: таркише дар кони Шӯроби Исфара куштаву захмӣ ба ҷой гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Дар натиҷаи таркиш дар кони ангиши Шӯроби шаҳри Исфара як нафар кушта шуда, чанд тани дигар аз кормандон захмӣ шудаанд
2021-07-24T22:30+0500
2021-07-24T22:30+0500
2021-08-05T09:59+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
захмӣ
таркиш
кон
шӯроб
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/47/1028614776_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_0d5ab6eb7ee843317a51ae8f2959f4c5.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Ин ҳодиса ҳаволии соати 17:00 - и 24 июл рух дода, мӯҷиби ҳалокати Абдуманнон Тошбоев, яке аз бригадирони шахта шудааст.Бино ба иттилоъи манбаъ, ҳоло аз ҳисоби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Хадамоти сӯхторнишонӣ ва табибон як гуруҳи таҳқиқ барои омӯзиш ва бартараф кардани паёмадҳои таркиш дар маҳалли ҳодиса қарор дорад. Кони Шӯроб дар шаҳри Исфара яке аз бузургтарин конҳои ангишт дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб шуда, ангишти онро умдатан муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ ба ҳисоби аҳолӣ истифода мекунанд. Масъулини кон гуфтанд, ки чунин ҳодисаи нохуш даҳсолаҳо ба ин сӯ иттифоқ наафтода буд.
https://sputnik.tj/20210501/tarkish-ispechak-band-roh-suhtor-1039215663.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102861/47/1028614776_184:0:1144:720_1920x0_80_0_0_910f7b40637e6c063d7dc68157c841b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, исфара таркиш, кони шӯроб фавт , захмӣ, ҳодисаи нохуш
тоыикистон, исфара таркиш, кони шӯроб фавт , захмӣ, ҳодисаи нохуш
Ҳодисаи нохуш: таркише дар кони Шӯроби Исфара куштаву захмӣ ба ҷой гузошт
22:30 24.07.2021 (Навсозишуда: 09:59 05.08.2021) Дар пайи таркише дар кони ангишти Шӯроби шаҳри Исфара як нафар кушта ва чанд тани дигар захмӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Ин ҳодиса ҳаволии соати 17:00 - и 24 июл рух дода, мӯҷиби ҳалокати Абдуманнон Тошбоев, яке аз бригадирони шахта шудааст.
“Таркиш дар пайи хориҷшавии гази дохили шахта ба амал омадааст”, - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон
Бино ба иттилоъи манбаъ, ҳоло аз ҳисоби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Хадамоти сӯхторнишонӣ ва табибон як гуруҳи таҳқиқ барои омӯзиш ва бартараф кардани паёмадҳои таркиш дар маҳалли ҳодиса қарор дорад.
Кони Шӯроб дар шаҳри Исфара яке аз бузургтарин конҳои ангишт дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб шуда, ангишти онро умдатан муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ ба ҳисоби аҳолӣ истифода мекунанд.
Масъулини кон гуфтанд, ки чунин ҳодисаи нохуш даҳсолаҳо ба ин сӯ иттифоқ наафтода буд.