https://sputnik.tj/20211125/hajm-qarz-tojikiston-chin-qarzdor-1043751940.html
Ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон эълом шуд: кишвар бештар аз ҳама аз Чин қарздор аст
Ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон эълом шуд: кишвар бештар аз ҳама аз Чин қарздор аст
Sputnik Тоҷикистон
Қарзи давлатии Тоҷикистон беш аз 3,2 миллиард долларро ташкил медиҳад
2021-11-25T11:35+0500
2021-11-25T11:35+0500
2021-11-25T11:56+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
вазорати молия
қарзҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032033835_0:157:3000:1845_1920x0_80_0_0_3c15f2e87e4377612fe449dbdaf28992.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон ҳаҷми қарзи хориҷии кишварро бар асоси натоиҷи семоҳаи сеюми соли ҷорӣ эълом кард, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста".Тибқи маълумоти вазорат, ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ дар соли 2021 беш аз 3,2 миллиард долларро ташкил додааст. Дар сохтори қарзи хориҷӣ беш аз 3,1 миллиард доллар мустақиман ба қарзи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад. Ҳаҷми қарзҳои бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 111,4 миллион доллар баробар аст. Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон аз Сандуқи Байналмилалии Пул 5,5 миллион долларро ташкил додааст. Он барои нигоҳ доштани баланси пардохт гирифта шудааст.Ҳоло кишвар ба дараҷаи ҳадди қарзи номиналии берунӣ наздик шуда истодааст. Мувофиқи нишондод, ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар набояд аз 40 фоизи ММД-и мамлакат зиёд бошад. Вазорати молия гуфт, ки барои пардохти қарзи хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 115,1 миллион доллар ҷудо шудааст. Аз ин 77,4 миллион доллар барои пардохти қарзи асосӣ ва 37,7 миллион доллари дигар барои пардохти фоизҳо сарф шудааст. Ёдовар мешавем, ки Чин аз рӯи қарзи хориҷӣ бо маблағи 1,2 миллиард доллар қарздиҳандаи аслии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Қарзҳо аз ҳисоби ҷойгиркунии вомбаргҳои давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои молии байналмилалӣ 500 миллион долларро ташкил медиҳад.Илова бар ин Тоҷикистон мисли пештара аз Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Исломии Рушд қарзҳои зиёд дорад.
https://sputnik.tj/20211124/afzoishi-bujai-tojikiston-soli-2022-1043732772.html
https://sputnik.tj/20210301/Tojikiston-Chin-chand-qarzdor-1032916900.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032033835_166:0:2835:2002_1920x0_80_0_0_e24a219695c426fccc495f60c2935570.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳаҷм қарз тоҷикистон чин қарздор
ҳаҷм қарз тоҷикистон чин қарздор
Ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон эълом шуд: кишвар бештар аз ҳама аз Чин қарздор аст
11:35 25.11.2021 (Навсозишуда: 11:56 25.11.2021) Қарзи давлатии Тоҷикистон беш аз 3,2 миллиард долларро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон ҳаҷми қарзи хориҷии кишварро бар асоси натоиҷи семоҳаи сеюми соли ҷорӣ эълом кард, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста".
Тибқи маълумоти вазорат, ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ дар соли 2021 беш аз 3,2 миллиард долларро ташкил додааст.
Дар сохтори қарзи хориҷӣ беш аз 3,1 миллиард доллар мустақиман ба қарзи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.
Ҳаҷми қарзҳои бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 111,4 миллион доллар баробар аст.
Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон аз Сандуқи Байналмилалии Пул 5,5 миллион долларро ташкил додааст. Он барои нигоҳ доштани баланси пардохт гирифта шудааст.
Ҳоло кишвар ба дараҷаи ҳадди қарзи номиналии берунӣ наздик шуда истодааст.
Мувофиқи нишондод, ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар набояд аз 40 фоизи ММД-и мамлакат зиёд бошад.
Вазорати молия гуфт, ки барои пардохти қарзи хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 115,1 миллион доллар ҷудо шудааст. Аз ин 77,4 миллион доллар барои пардохти қарзи асосӣ ва 37,7 миллион доллари дигар барои пардохти фоизҳо сарф шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Чин аз рӯи қарзи хориҷӣ бо маблағи 1,2 миллиард доллар қарздиҳандаи аслии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Қарзҳо аз ҳисоби ҷойгиркунии вомбаргҳои давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои молии байналмилалӣ 500 миллион долларро ташкил медиҳад.
Илова бар ин Тоҷикистон мисли пештара аз Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Исломии Рушд қарзҳои зиёд дорад.