Манижа дар Тоҷикистон чеҳраи сол интихоб шуд

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкПевица Манижа
Певица Манижа  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
Обуна шудан
Манижа сангин овозхони тоҷики муқими Русия дар радабандии ҳафтаномаи "Тоҷикистон" чеҳраи сол интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Ҳафтаномаи "Тоҷикистон", ки ҳамасола аз рӯи 10 бахш, 10 чеҳраи саршиносу муваффақи Тоҷикистонро муайян мекунад, радабандии соли 2021 - ро ҷамъбаст кард.
Ин ҳафтанома бахшҳое назири "Вазири сол", "Раиси сол", "Соҳибкори сол", "Бонкири сол", "Ректори сол", "Хайрхоҳи сол", "Варзишгари сол", "Блогери сол", "Чеҳраи сол" ва "Сарояндаи сол" пешниҳоди мардум кард ва тариқи овоздиҳӣ беҳтаринҳои ин бахшро муайян намуд.
Бар асоси натоиҷи назарпурсӣ, дар бахши "Чеҳраи сол", сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин аввалӣ шуд.
Певица Манижа  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Манижа кист: русиягиҳо ситораи тоҷикро беш аз ҳама дар интернет ҷустуҷӯ кардаанд
Ба ҷонибдорӣ аз Манижа 3 612 нафар раъй доданд.
Зимнан, Манижаро маҷаллаи "Glamour" ҳам сарояндаи сол интихоб кард. Ӯ дар раъйдиҳие, ки дар сомонаи "Glamour.ru" ташкил шуда буд, аз рақибонаш ба мисли Земфира, Мэри Гу, Мари Краймбрери ва Анна Асти гузашт.
Ёдовар мешавем, Манижа, сафири Русия дар СММ дар умури паноҳандагон ин кишварро дар озмуни "Eurovision - 2021" намояндагӣ кард, ки ҷои нуҳумро гирифт.
Вай бо таронаи "Russian Woman" баромад кард, ки боиси эътирози ҷомеа гардид. Манижаро ба таҳрифи симои зани рус ва паст задани фарҳанги кишвар муттаҳам карданд.
Лентаи хабарҳо
0