https://sputnik.tj/20211215/manizha-internet-justuju-1044183877.html
Манижа кист: русиягиҳо ситораи тоҷикро беш аз ҳама дар интернет ҷустуҷӯ кардаанд
Манижа кист: русиягиҳо ситораи тоҷикро беш аз ҳама дар интернет ҷустуҷӯ кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарнамоии Манижа Сангин дар озмуни Евровидение 2021 ба сегонаи кофтуковҳои маъмултарини русҳо дар Google дар соли ҷорӣ шуд
2021-12-15T20:30+0500
2021-12-15T20:30+0500
2021-12-15T21:16+0500
фарҳанг
тоҷик
овозхон
ҳунарманд
манижа сангин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0f/1043548370_0:24:2049:1176_1920x0_80_0_0_d72f734fd819abee1d4520b3c917b69f.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Овозхони тоҷик Манижа Сангин, ки Русияро дар "Евровидение 2021" намояндагӣ кард, имсол ба сегонаи маъмултарин муҳаррики ҷустуҷӯӣ дохил шуд. Ба се чорабинии маъруф аз ҷиҳати ҷустуҷӯҳои босуръати "Google" дар соли 2021 Қаҳрамонии футболи Аврупо, Олимпиадаи Токио ва "Евровидение 2021" дохил гардиданд.Маҳз бо охирин чорабинии мусиқӣ номи зодаи Тоҷикистон алоқаманд аст ва русҳо ба ҳунарнамоии Манижа дар ин озмуни байналмилалӣ бештар таваҷҷуҳ доштанд. Маҷаллаи "Glamour" Манижаро сарояндаи сол эълон кардПас аз он дар ҷустуҷӯи маъмултарин Қаҳрамонии хоккеи ҷаҳонӣ, таъсиси Рӯзи падар, низоъ дар Афғонистон ва тирпарронӣ дар Қазон будааст. Илова бар ин "Google" инчунин видеои "Сол дар Ҷустуҷӯ" -ро бар асоси ҷустуҷӯҳои соли 2021 нашр кард. Барои ин навор Манижа Сангин таронаи "Ҷудонашаванда" навиштааст. Ёдовар мешавем, ки 22 майи соли 2021 65-умин озмуни "Евровидение 2021" ба поён расид, ки дар он Манижа таронаи "Зани рус"-ро иҷро кард. Занони пуртазоди тоҷик дар саҳнаи Русия: Дина ва Манижа ҷоизаи мудро "тарконданд"Ӯ дар ин озмуни бонуфуз ҷойи 9-умро ишғол карда, ҳамагӣ 204 хол гирифт.Намояндагони Италия ғолиби ин озмуни мусиқӣ гардиданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0f/1043548370_0:0:2049:1537_1920x0_80_0_0_a427a07ef00d65e5d1cd6de2a7209bba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
манижа сангин, интернет, google
манижа сангин, интернет, google
Манижа кист: русиягиҳо ситораи тоҷикро беш аз ҳама дар интернет ҷустуҷӯ кардаанд
20:30 15.12.2021 (Навсозишуда: 21:16 15.12.2021) Ҳунарнамоии Манижа Сангин дар озмуни "Евровидение 2021" ба сегонаи кофтуковҳои маъмултарини русҳо дар "Google" дар соли ҷорӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Овозхони тоҷик Манижа Сангин, ки Русияро дар "Евровидение 2021" намояндагӣ кард, имсол ба сегонаи маъмултарин муҳаррики ҷустуҷӯӣ дохил шуд.
Ба се чорабинии маъруф аз ҷиҳати ҷустуҷӯҳои босуръати "Google" дар соли 2021 Қаҳрамонии футболи Аврупо, Олимпиадаи Токио ва "Евровидение 2021" дохил гардиданд.
Маҳз бо охирин чорабинии мусиқӣ номи зодаи Тоҷикистон алоқаманд аст ва русҳо ба ҳунарнамоии Манижа дар ин озмуни байналмилалӣ бештар таваҷҷуҳ доштанд.
Пас аз он дар ҷустуҷӯи маъмултарин Қаҳрамонии хоккеи ҷаҳонӣ, таъсиси Рӯзи падар, низоъ дар Афғонистон ва тирпарронӣ дар Қазон будааст.
Илова бар ин "Google" инчунин видеои "Сол дар Ҷустуҷӯ" -ро бар асоси ҷустуҷӯҳои соли 2021 нашр кард.
Барои ин навор Манижа Сангин таронаи "Ҷудонашаванда" навиштааст.
Ёдовар мешавем, ки 22 майи соли 2021 65-умин озмуни "Евровидение 2021" ба поён расид, ки дар он Манижа таронаи "Зани рус"-ро иҷро кард.
Ӯ дар ин озмуни бонуфуз ҷойи 9-умро ишғол карда, ҳамагӣ 204 хол гирифт.
Намояндагони Италия ғолиби ин озмуни мусиқӣ гардиданд.