https://sputnik.tj/20220104/hushdor-tarma-tojikiston-1044599783.html
Ҳушдор аз се рӯзи тармафароӣ дар Тоҷикистон
Ҳушдор аз се рӯзи тармафароӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Хатари фаромадани тарма асосан дар роҳҳои ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ ҷой дорад
2022-01-04T16:43+0500
2022-01-04T16:43+0500
2022-01-04T16:43+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
обу ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/12/1032645193_0:274:3073:2002_1920x0_80_0_0_d9fa59f807d605b0aa5d650e96bdb35f.jpg
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои ҳафтаи равонро пешгӯӣ намудааст.Ба додаҳои ин ниҳод, рӯзҳои 5-6 январ дар ноҳияҳои тобеи марказ ва ҳамчунин роҳҳои ВМКБ хатари фаромадани тарма мавҷуд астӣ барои Ҳавои Тоҷикистон барои ҳафтаи равон Манбаъ меафзояд, ҳаво дар вилояти Хатлон қисман абрнок шуда, 6-7 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Инчунин 6-8 январ дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борону барф дар назар аст.Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 7 январ дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борону барф ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок, 6-8 январ дар ноҳияҳои водигӣ баъзан борони суст борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. 9 январ асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, 6-7 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук шуда, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 20-25 , дар баъзе минтақаҳо то 29-31 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 13-18 дараҷа сард хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220104/peshgui-daqiq-obu-havo-tojikiston-1044594075.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/12/1032645193_4:0:2735:2048_1920x0_80_0_0_03ed61c7c1e3e960160642720cb4296e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон тарма
Ҳушдор аз се рӯзи тармафароӣ дар Тоҷикистон
Хатари фаромадани тарма асосан дар роҳҳои ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ ҷой дорад
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои ҳафтаи равонро пешгӯӣ намудааст.
Ба додаҳои ин ниҳод, рӯзҳои 5-6 январ дар ноҳияҳои тобеи марказ ва ҳамчунин роҳҳои ВМКБ хатари фаромадани тарма мавҷуд астӣ барои Ҳавои Тоҷикистон барои ҳафтаи равон
"Рӯзҳои 5-6 январ дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби ВМКБ фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад", - омадааст дар хабари оҷонс.
Манбаъ меафзояд, ҳаво дар вилояти Хатлон қисман абрнок шуда, 6-7 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Инчунин 6-8 январ дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борону барф дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 7 январ дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борону барф ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок, 6-8 январ дар ноҳияҳои водигӣ баъзан борони суст борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. 9 январ асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, 6-7 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук шуда, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 20-25 , дар баъзе минтақаҳо то 29-31 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 13-18 дараҷа сард хоҳад шуд.