https://sputnik.tj/20220104/peshgui-daqiq-obu-havo-tojikiston-1044594075.html
Сардӣ ва барфу борону шадид: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон
Сардӣ ва барфу борону шадид: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳавои абрноку тағйирёбанда ва бориши барфу борон пешгӯӣ мешавад
2022-01-04T10:57+0500
2022-01-04T10:57+0500
2022-01-04T10:57+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
барф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0f/1033001315_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_74ff8cb302745b73fad9333d3f95f230.jpg
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносӣ.Ба итилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа сардӣ то 3 дараҷа ҳаво гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 , дар баъзе минтақаҳо то 25-30 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа сард шудани ҳаво дар назар аст.Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона ҳаво 5-10 дараҷа гарм мешавад.Манбаъ ҳавои вилояти Хатлонро низ тағйирёбанда пешгӯӣ мекунад. Боришоти барфу борон ва фаромадани тормеғ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20211201/havosanjon-zimiston-tojikistoniyon-1043857455.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0f/1033001315_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_337f70cf6230487dde5db35f8ddf25f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон обу ҳаво барф
Сардӣ ва барфу борону шадид: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳавои абрноку тағйирёбанда ва бориши барфу борон пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносӣ.
Ба итилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа сардӣ то 3 дараҷа ҳаво гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 , дар баъзе минтақаҳо то 25-30 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа сард шудани ҳаво дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона ҳаво 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Манбаъ ҳавои вилояти Хатлонро низ тағйирёбанда пешгӯӣ мекунад. Боришоти барфу борон ва фаромадани тормеғ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.