Сармоягузорони рус дар Афғонистон корхонаи тавлиди семент месозанд

© Sputnik / Михаил Алаеддин / Гузариш ба медиабонкВид на город Кабул
Вид на город Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2022
Обуна шудан
Толибон бо сармоягузорони рус дар Кобул дидору мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik.Толибон дар Кобул, бо сармоягузорони рус, ки ба саноати Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса доранд, мулоқот карданд, хабар медиҳад сухангӯи Иномуллоҳ Самангонӣ.
"Муовини нахуствазири Имороти исломӣ (номи кишваре, ки Толибон истифода мекунанд - идора.) Мавлавӣ Абдулсалом Ҳанафӣ дар дафтари худ бо як ҳайати муштараки сармоягузорони афғон ва рус мулоқот кард", - навиштааст Самангонӣ дар саҳифааш дар Twitter.
Ба гуфти намояндаи толибон, ширкаткунандагони ҷаласа масъалаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок, сохтмони корхонаҳои коркарди нафту газ, инчунин заводҳои истеҳсоли омехтаҳоро муфассал баррасӣ кардаанд.
Илова бар ин, дар ҷаласа масъалаи таъсиси корхонаи тавлиди семент матраҳ шудааст.
Ба гуфти Самангонӣ, сармоягузорони рус ба сармоягузорӣ дар ин соҳа изҳори таваҷҷӯҳ кардаанд. Ҳанафӣ зикр кардааст, ки барои сармоягузорӣ дар Афғонистон шароити мусоид вуҷуд дорад.
Современный Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Қарори нави толибон: амволи роҳбарони пешин ба фурӯш гузошта мешавад
Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Толибон: Бандҳои бузург месозем, обро ба нафт табдил медиҳем
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷй буд, эълон карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0