https://sputnik.tj/20211230/qarori-tolibon-amvoli-rohbaroni-peshin-furush-1044546204.html
Қарори нави толибон: амволи роҳбарони пешин ба фурӯш гузошта мешавад
Қарори нави толибон: амволи роҳбарони пешин ба фурӯш гузошта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи толибон гуфтааст, ки амволи сиёсиюни пешин ба хотири напардохтани пули барқ ба фурӯш гузошта мешаванд
2021-12-30T20:40+0500
2021-12-30T20:40+0500
2021-12-30T21:25+0500
барқ
афғонистон
толибон
фурӯш
хона
мансабдорон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102825/18/1028251896_0:322:3069:2048_1920x0_80_0_0_865532dc5c9a95db8451a319b29c3c9c.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Инъомуллоҳ Самангонӣ, муъовини сухангӯи толибон дар саҳифаи твиттериаш навиштааст, он теъдоде аз сиёсатмадорон ва афроди қудратманди пешин, ки пули барқи худро пардохт накардаанд, хонаҳояшон ба фурӯш гузошта мешавад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.“Бар асоси файсалаи кабинаи Афғонистон ширкати "Брешно" муваззаф аст, тарҳи фурӯш ва кирояи амволи он идда аз сиёсатмадорон, афроди қудратманд ва мансабдорони собиқро, ки бо вуҷуди иттилоияи ширкати Брешно қарзҳои худро пардохт накардаанд, ба манзури ҳусули қарзашон тартиб ва ба ҷаласаи кабина ироа намояд”, - гуфт Самангонӣ.Ширкати “Брешно”-и Афғонистон ахиран феҳристи 73 қарздор, аз ҷумла теъдоде аз афроди бонуфуз, аъзои Вулуси ҷирга ва чеҳраҳои феълию мансабдорони собиқ, назари Абдуррашид Дӯстум, Муҳаммадкарим Халилӣ ва Абдураб Расули Сайёфро нашр кард.Ёдрас менамоем, ки ахиран Тоҷикистону Афғонистон тавофуқномаи интиқоли нерӯи барқро имзо карданд.Ин қарордодро Мирзо Имсоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва Ҳофиз Муҳаммад Амин, раиси умумии иҷроияи ширкати "Брешно" имзо карданд.Бояд қайд кард, Афғонистон ба далели напардохтани қарзи нерӯи барқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба хатари қатъи нерӯи барқ аз тарафи ин кишварҳо мувоҷеҳ аст.Роҳбарияти ин ширкат ваъда додааст, қарзеро, ки тақрибан 62 миллион доллар аст, пардохт мекунад. Барои ҳалли мушкилот DABS нақша дорад, амволи мансабдорони ҳукумати собиқи Афғонистонро фурӯшад.
https://sputnik.tj/20211227/qarordod-nav-tojikiston-afghoniston-furush-barq-1044440278.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102825/18/1028251896_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ade53b977e44ae35b03b45bceb65a559.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, "брешно", барқ, хона, фурӯш, пардох накардани пули барқ
афғонистон, "брешно", барқ, хона, фурӯш, пардох накардани пули барқ
Қарори нави толибон: амволи роҳбарони пешин ба фурӯш гузошта мешавад
20:40 30.12.2021 (Навсозишуда: 21:25 30.12.2021) Сухангӯи толибон гуфтааст, ки амволи сиёсиюни пешин ба хотири напардохтани пули барқ ба фурӯш гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Инъомуллоҳ Самангонӣ, муъовини сухангӯи толибон дар саҳифаи твиттериаш навиштааст, он теъдоде аз сиёсатмадорон ва афроди қудратманди пешин, ки пули барқи худро пардохт накардаанд, хонаҳояшон ба фурӯш гузошта мешавад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Бар асоси файсалаи кабинаи Афғонистон ширкати "Брешно" муваззаф аст, тарҳи фурӯш ва кирояи амволи он идда аз сиёсатмадорон, афроди қудратманд ва мансабдорони собиқро, ки бо вуҷуди иттилоияи ширкати Брешно қарзҳои худро пардохт накардаанд, ба манзури ҳусули қарзашон тартиб ва ба ҷаласаи кабина ироа намояд”, - гуфт Самангонӣ.
Ширкати “Брешно”-и Афғонистон ахиран феҳристи 73 қарздор, аз ҷумла теъдоде аз афроди бонуфуз, аъзои Вулуси ҷирга ва чеҳраҳои феълию мансабдорони собиқ, назари Абдуррашид Дӯстум, Муҳаммадкарим Халилӣ ва Абдураб Расули Сайёфро нашр кард.
Ёдрас менамоем, ки ахиран Тоҷикистону Афғонистон тавофуқномаи интиқоли нерӯи барқро имзо карданд.
Ин қарордодро Мирзо Имсоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва Ҳофиз Муҳаммад Амин, раиси умумии иҷроияи ширкати "Брешно" имзо карданд.
Бояд қайд кард, Афғонистон ба далели напардохтани қарзи нерӯи барқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба хатари қатъи нерӯи барқ аз тарафи ин кишварҳо мувоҷеҳ аст.
Роҳбарияти ин ширкат ваъда додааст, қарзеро, ки тақрибан 62 миллион доллар аст, пардохт мекунад. Барои ҳалли мушкилот DABS нақша дорад, амволи мансабдорони ҳукумати собиқи Афғонистонро фурӯшад.