Суҳбати телефонии Путин ва Раҳмон: президентҳо аз чӣ гуфтанд?

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин прибыл в Душанбе для участия в саммите СВМДА
Президент РФ В. Путин прибыл в Душанбе для участия в саммите СВМДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2022
Обуна шудан
Кишвардорони Русия ва Тоҷикистон муносиботи дуҷонибаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамдигарро бо Соли нав табрик карданд, гузориш медиҳад, хадамоти матбуотии Кремл.
Дар баёния гуфта мешавад, ки раҳбарони ду кишвар дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ ҳамчунин ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

"Президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ ҳамдигарро гарм табрик гуфтанд", - хабар медиҳад маркази матбуотӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар остонаи Соли нави 2022 президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти шахсӣ баргузор карда буданд.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Раҳмон Русияро шарики асосии Тоҷикистон хонд
Он дар чорчӯби нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзи 28 декабр дар пойтахти шимолии Русия баргузор шуд, сурат гирифт.
Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо Соли нав шодбош гуфт
Раҳмон як рӯз пеш аз нишаст барои гуфтугӯ бо Путин омада буд. Раҳбарони Русия ва Тоҷикистон равобити асосии стратегӣ ва шарикии ду кишварро тавсиф карданд.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0