Раҳмон Русияро шарики асосии Тоҷикистон хонд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Обуна шудан
Раҳбарони Русия ва Тоҷикистон зимни мулоқот дар Санкт-Петербург ҳадафҳои аслии стратегӣ ва шарикии ду кишварро мушаххас карданд
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Русия ба унвони муҳимтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ин нуқтаро раҳбари Тоҷикистон дар дидори дуҷониба дар Санкт-Петербург бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия баён дошт.

"Муносиботи байни кишварҳои мо дар ҳама самтҳо босуръат рушд мекунанд. Русия ба унвони шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад", - гуфт Раҳмон дар суҳбат.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, табодули коло миёни кишварҳо дар як сол 25 дарсад афзоиш ёфтааст, ки беш аз як миллиард долларро ташкил медиҳад.
Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Путин: Русия марзи Тоҷикистонро таҳким мебахшад
"Ман омодаам, ки бо Шумо вазъ ва дурнамои равобиту ҳамкориҳои кишварҳоямонро баррасӣ кунам", - афзуд раҳбари Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0