Сафаров беҳтарин ҳимоятгари соли 2021 шуд: дар радабандии AFC

© пресс-служба ФК "Истиклол"Футболист Манучехр Сафаров
Футболист Манучехр Сафаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2022
Обуна шудан
Рақибони футболбози тоҷик аз Арабистони Саудӣ ва Ҷопон буданд
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Футболбози тоҷик Манучеҳр Сафаров беҳтарин муҳофизи тарафи рости мавсими 2021 дониста шуд.
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) радабандиеро тартиб додааст, ки тибқи он 11 футболбози беҳтарин дар охири соли 2021 интихоб шудаанд.
12 футболбоз барои гирифтани 4 ҷои беҳтарин мубориза бурданд.
Бар асоси ин рейтинг, Манучеҳр Сафаров бо касби 63 дарсади овозҳо беҳтарин ҳимоятгари тарафи рости соли 2021 эътироф шуд.
Рақибони ӯ - Муҳаммад Ал-Бурайк (Ал-Ҳилол, Арабистони Саудӣ), Султон Ал Ғаннам аз Ал-Наср ва Казуя Мияхара (Нагоя Грампус, Ҷопон) мутаносибан 27%, 8% ва 1% овоз гирифтанд.
Стороны согласовали трансфер двух защитников многократного чемпиона Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Ниҳоят Сафаров ва Ҳаннонов бо тими "Персеполис"-и Эрон шартнома бастанд
Манучеҳр Сафаров, футболбози 19-солаи тоҷик, дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 ба дарвозаи "Ал-Ҳилол" ду гол ворид кард.
Он замон вохурй бо ҳисоби бузурги 4:1 ба фоидаи тими Душанбе анчом ёфт. Ин пирӯзӣ ба “Истиқлол” имкон дод, ки дар гурӯҳи “А” дар зинаи аввал қарор гирад.
"Истиқлол" дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо "Персеполис" танҳо дар дақиқаҳои охир бо ҳисоби 1:0 шикаст хӯрд. Аммо бозии Манучеҳр сармураббии Теҳронро мутаассир кард ва "Персеполис" шартномаи футболбози тоҷикро харид.
Ду футболбози тоҷик ба "Персеполис" гузаштанд, аммо ҳоло дар он ҷо бозӣ карда наметавонанд
Сафаров бо яке аз дастаҳои пешсаф, охири соли 2021 шартнома баст. Он то моҳи июни соли 2023 ҳисоб шудааст, футболбоз зери рақами 33 бозӣ мекунад.
Ба иттилои Transfermarket, Манучеҳр Сафаров бо нархи 175 ҳазор евро ба бошгоҳи эронӣ гузашт.
Лентаи хабарҳо
0