https://sputnik.tj/20211229/tabib-afghoniston-omikron-giyoh-muassir-tahiya-kard-1044494330.html
Табиби афғонистонӣ алайҳи омикрон доруи муассир таҳия кард
Табиби афғонистонӣ алайҳи омикрон доруи муассир таҳия кард
Sputnik Тоҷикистон
Гиёҳшиноси афғонистонӣ ба самаранок будани доруи таҳиякардаи худ бовар дорад ва аз намояндагони СҶБ даъват кардааст, ки доруяшро аз санҷиш гузаронанд
2021-12-29T14:30+0500
2021-12-29T14:30+0500
2021-12-29T19:04+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
афғонистон
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044494084_0:43:3072:1771_1920x0_80_0_0_5538d31c3481fcd773b9d6b29b5f490f.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Гиёҳшиноси афғонистонӣ мегӯяд, ки як доруи муассир бар зидди штамми нави коронавирус - омикрон таҳия кардааст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.Иддаои ин табиб дар ҳолест, ки вуҷуди ин навъ аз вирус дар Афғонистон расман эълон нашудааст. Вале гиёҳшинос бар ин бовар аст, ки доруи таҳиякардаи ӯ метавонад аз навъи нави коронавирус ҷилавгирӣ кунад.Ин табиб Ҳаким Муҳаммад Алокозай ном дошта, ба иддаои ӯ, аз доруяш аллакай 14 миллион нафар истифода кардаанд ва ягон таъсири манфӣ ба онҳо нарасидааст.Номбурда аз Вазорати беҳдошти Афғонистон ва ҳамзамон аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт даъват намудааст, ки кашфиёти ӯро мавриди санҷиш қарор диҳанд. Ӯ пешниҳод намудааст, ки дар ҳузури намояндагони бахши беҳдошти ватанӣ ва СҶБ ба ҳазор маризи коронавирус доруи таҳиякардааш дода шавад ва ӯ мутмаин аст, ҳамаи онҳо сиҳат хоҳанд шуд.Гуфта мешавад, табиб ин даворо аз 11 гиёҳ омода намудааст.Манбаъ тавзеҳ додааст, ки Ҳаким Муҳаммад Алокозай дар замоне ки Ашраф Ғанӣ кишвардори Афғонистон буд, ҳаққи фаъолияти тиббӣ надошт ва ӯ пинҳонӣ ба дармони беморон машғул мешуд.
https://sputnik.tj/20211222/elon-panj-nishona-omikron-1044309202.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044494084_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_a653b8ccdfedcfe67ca53a2275a543cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон гиёҳ коронавирус
афғонистон гиёҳ коронавирус
Табиби афғонистонӣ алайҳи омикрон доруи муассир таҳия кард
14:30 29.12.2021 (Навсозишуда: 19:04 29.12.2021) Гиёҳшиноси афғонистонӣ ба самари доруи таҳиякардаи худ бовар дорад ва аз намояндагони СҶБ даъват кардааст, ки доруяшро аз санҷиш гузаронанд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Гиёҳшиноси афғонистонӣ мегӯяд, ки як доруи муассир бар зидди штамми нави коронавирус - омикрон таҳия кардааст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Иддаои ин табиб дар ҳолест, ки вуҷуди ин навъ аз вирус дар Афғонистон расман эълон нашудааст. Вале гиёҳшинос бар ин бовар аст, ки доруи таҳиякардаи ӯ метавонад аз навъи нави коронавирус ҷилавгирӣ кунад.
Ин табиб Ҳаким Муҳаммад Алокозай ном дошта, ба иддаои ӯ, аз доруяш аллакай 14 миллион нафар истифода кардаанд ва ягон таъсири манфӣ ба онҳо нарасидааст.
Номбурда аз Вазорати беҳдошти Афғонистон ва ҳамзамон аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт даъват намудааст, ки кашфиёти ӯро мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Ӯ пешниҳод намудааст, ки дар ҳузури намояндагони бахши беҳдошти ватанӣ ва СҶБ ба ҳазор маризи коронавирус доруи таҳиякардааш дода шавад ва ӯ мутмаин аст, ҳамаи онҳо сиҳат хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, табиб ин даворо аз 11 гиёҳ омода намудааст.
Манбаъ тавзеҳ додааст, ки Ҳаким Муҳаммад Алокозай дар замоне ки Ашраф Ғанӣ кишвардори Афғонистон буд, ҳаққи фаъолияти тиббӣ надошт ва ӯ пинҳонӣ ба дармони беморон машғул мешуд.