https://sputnik.tj/20220103/eron-hukumat-tolibon-etirof-1044586613.html
Маълум шуд, кай Эрон ҳукумати толибонро эътироф мекунад
Маълум шуд, кай Эрон ҳукумати толибонро эътироф мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Эрон шарти эътирофи ҳукумати толибҳоро гуфт
2022-01-03T13:52+0500
2022-01-03T13:52+0500
2022-01-03T13:58+0500
сиёсат
афғонистон
толибон
эрон
эътироф
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717737_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_00291b7935310065b1f0b29ae3268f2a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Эрон то замони таъсиси ҳукумати фарогир, давлати кунунии толибҳоро эътироф нахоҳад кард, гуфт сафири Эрон дар Афғонистон Баҳодур Аминиён дар суҳбат бо TOLOnews.Аминиён бовар дорад, ки дар ин сурат на танҳо Теҳрон худи толибонро ба расмият меҳиносад, балки Русия, Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва теъдоде аз кишварҳои арабиро ба ин кор водор хоҳад кард. Иномулло Самангонӣ, муовини сухангӯи толибон, ин бархӯрдро мудохила ба умури дохилии кишвар хонд. Вай суолгузорӣ кард, ки оё кобинаи Эрон ба чунин меъёрҳои фарогир мувофиқат мекунад ва гуфт, ки ҳар кишвар онҳоро худаш муайян менамояд.Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷй буд, эълон карда шуд.
https://sputnik.tj/20211231/lavrov-tolibon-vadaho-amal-rasmiyat-shinokhta-1044552736.html
https://sputnik.tj/20210908/hukumati-pashtunshumul-tolibon-1042121271.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717737_99:0:2830:2048_1920x0_80_0_0_44e9f1bc2aef9094fae1432335b4892c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукумати толибон, эътироф, эрон
ҳукумати толибон, эътироф, эрон
Маълум шуд, кай Эрон ҳукумати толибонро эътироф мекунад
13:52 03.01.2022 (Навсозишуда: 13:58 03.01.2022) Ҳукумати Эрон шарти ба расмият шинохтани ҳукумати толибҳоро гуфт
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Эрон то замони таъсиси ҳукумати фарогир, давлати кунунии толибҳоро эътироф нахоҳад кард, гуфт сафири Эрон дар Афғонистон Баҳодур Аминиён дар суҳбат бо TOLOnews.
"Агар як гурӯҳи якқавмӣ ба сари қудрат биёяд ва дар ҳукумат гурӯҳҳои қавмии дигар набошад, ин барои мо ғайри қобили қабул аст, аз ин рӯ, бо нияти нек ба раҳбарони толибон мегӯем, ки ҳукумати фарогир ташкил кунанд", - гуфт, Баҳодур Аминиён дар мусоҳиба бо TOLOnews.
Аминиён бовар дорад, ки дар ин сурат на танҳо Теҳрон худи толибонро ба расмият меҳиносад, балки Русия, Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва теъдоде аз кишварҳои арабиро ба ин кор водор хоҳад кард.
"Дар акси ҳол, толибон мушкилоти иқтисодиеро, ки боиси муҳоҷират ва таҳкими ДОИШ* мешаванд, ҳал нахоҳанд кард, ки аллакай барои тамоми минтақа хатар эҷод мекунад", - хулоса кард Аминиён.
Иномулло Самангонӣ, муовини сухангӯи толибон, ин бархӯрдро мудохила ба умури дохилии кишвар хонд. Вай суолгузорӣ кард, ки оё кобинаи Эрон ба чунин меъёрҳои фарогир мувофиқат мекунад ва гуфт, ки ҳар кишвар онҳоро худаш муайян менамояд.
Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷй буд, эълон карда шуд.