https://sputnik.tj/20211231/lavrov-tolibon-vadaho-amal-rasmiyat-shinokhta-1044552736.html
Лавров: Толибон ба ваъдаҳояшон амал кунанд ба расмият шинохта мешаванд
Лавров: Толибон ба ваъдаҳояшон амал кунанд ба расмият шинохта мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Русия дар хусуси ба расмият шинохтани ҳукумати толибон дар Афғонистон ба саволи хабарнигор посух дод ва гуфт, ки ин кор бастагӣ ба пойбанди онҳо ба ваъдаҳояшон дорад
2021-12-31T15:05+0500
2021-12-31T15:05+0500
2021-12-31T15:05+0500
афғонистон
толибон
сергей лавров
эътироф
вазири хориҷа
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0e/1042828930_0:0:3215:1808_1920x0_80_0_0_2b02b44c685c03386e364ecbcfd0c993.jpg
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар посух ба суоли як хабарнигор дар хусуси ин ки оё Маскав толибҳоро ба расмят мешиносад, гуфт, ба расмиятшинохтани толибон ба ин бастагӣ дорад, ки чигуна ба ваъдаҳои худ амал мекунанд, аз ҷумла мубориза бо хатароте, ки аз қаламравашон сарчашма мегирад."Ҳанӯз тасмим гирифтан дар бораи ба расмият шинохтани толибон барвақт аст. Бояд наззорагари рӯйдодҳои Афғонистон бошем, ки чигуна тавсеа меёбанд, ё беҳтар аст бигуем замоне, ки толибон ба ваъдаҳояшон амал кунанд, аз ҷумла дар мавриди ташкили як давлати фарогир ва муқобила муассир бо таҳдидоти террористӣ ва маводи мухаддир аз хоки Афғонистон", - гуфт Лавров. Вазири хориҷаи Русия дар посух ба ин суол, ки оё Маскав аввалин шуда толибонро ба расмият мешиносад, гуфт: "Дар ин замина мо бо ҳамбастагӣ бо соири кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳем буд, ки ба тадриҷ ба самти ҳифзи толибон аз таҳримҳои Шӯрои амният СММ, ки заминаи шинохти расмии давлати Афғонистонро шакл медиҳад, ҳаракат хоҳем кард”.Ёдовар мешавем, ки Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи толибон ахиран гуфта буд, ин гурӯҳ қасд дорад сафири ҷадиди Афғонистон дар Русияро таъйин кунанд ва умедвор аст, ки Русия давлати ҷадиди толибонро ба расмият бишносад.
https://sputnik.tj/20211231/tolibon-rusiya-jarayon-naguzoshta-safir-tayin-1044548208.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0e/1042828930_75:0:2806:2048_1920x0_80_0_0_a431ca2feedd1f2c6b0a2b50c184438e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, афғонистон, толибон, ба расмият шинохтан, эътироф, сергей лавров
русия, афғонистон, толибон, ба расмият шинохтан, эътироф, сергей лавров
Лавров: Толибон ба ваъдаҳояшон амал кунанд ба расмият шинохта мешаванд
Вазири хориҷаи Русия дар хусуси ба расмият шинохтани ҳукумати толибон дар Афғонистон ба саволи хабарнигор посух дод ва гуфт, ки ин кор бастагӣ ба пойбанди онҳо ба ваъдаҳояшон дорад
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар посух ба суоли як хабарнигор дар хусуси ин ки оё Маскав толибҳоро ба расмят мешиносад, гуфт, ба расмиятшинохтани толибон ба ин бастагӣ дорад, ки чигуна ба ваъдаҳои худ амал мекунанд, аз ҷумла мубориза бо хатароте, ки аз қаламравашон сарчашма мегирад.
"Ҳанӯз тасмим гирифтан дар бораи ба расмият шинохтани толибон барвақт аст. Бояд наззорагари рӯйдодҳои Афғонистон бошем, ки чигуна тавсеа меёбанд, ё беҳтар аст бигуем замоне, ки толибон ба ваъдаҳояшон амал кунанд, аз ҷумла дар мавриди ташкили як давлати фарогир ва муқобила муассир бо таҳдидоти террористӣ ва маводи мухаддир аз хоки Афғонистон", - гуфт Лавров.
Вазири хориҷаи Русия дар посух ба ин суол, ки оё Маскав аввалин шуда толибонро ба расмият мешиносад, гуфт: "Дар ин замина мо бо ҳамбастагӣ бо соири кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳем буд, ки ба тадриҷ ба самти ҳифзи толибон аз таҳримҳои Шӯрои амният СММ, ки заминаи шинохти расмии давлати Афғонистонро шакл медиҳад, ҳаракат хоҳем кард”.
Ёдовар мешавем, ки Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи толибон ахиран гуфта буд, ин гурӯҳ қасд дорад сафири ҷадиди Афғонистон дар Русияро таъйин кунанд ва умедвор аст, ки Русия давлати ҷадиди толибонро ба расмият бишносад.