Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар Афғонистон наздики панҷ миллион нафар алайҳи COVID-19 ваксина гирифтааст

© Pixabay/kfuhlertВакцинация
Вакцинация  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2022
Обуна шудан
Аз оғози ҳамагирии коронавирус то кунун дар Афғонистон тақрибан панҷ миллион нафар бар зидди COVID-19 ваксина гирифтааст
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Аз оғози пандемия дар Афғонистон беш аз 4,8 миллион нафар алайҳи COVID-19 эм карда шудаанд, ки беш аз 3,2 миллион нафари онҳо аз моҳи августи соли 2021 эм карда шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба сухангӯи толибҳо, Иномуллоҳ Самангонӣ.
"Дар Афғонистон дар маҷмӯъ 4 миллиону 824 307 нафар бар зидди коронавирус моякӯбӣ шудаанд, ки аз онҳо 3 миллиону 288 982 нафар аз моҳи август эм карда шудаанд", - навиштааст Самангонӣ дар саҳифааш дар Twitter.
Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон рӯзи шанбе гуфт, Деҳлӣ ба Афғонистон 500 000 воя ваксинаи зидди коронавируси Covaxin, ҳадя кардааст.
Ва дар миёнаҳои моҳи декабр намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон Томас Уэст гуфта буд, ки ИМА тавассути созмонҳои байналмилалӣ ва барномаи COVAX ба Афғонистон 1 миллион ваксинаи зидди коронавирус пешниҳод кардааст.
Наркопритон в Кабуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2022
Сабти рекордии мӯътодони маводи мухаддир дар Афғонистон
Моҳи октябр низ раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен дар саҳифааш дар Twitter навишт, ки Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояро ба маблағи умумии тақрибан 1 миллиард евро маблағгузорӣ кунад.
Ба гуфти вай, тақрибан 300 миллион евро барои барномаҳои эмкунӣ, паноҳандагӣ ва ҳифзи ҳуқуқ равона карда мешавад, 250 миллиони дигар барои кeмаки башардӯстонаи изтирорӣ ба афғонҳо равона карда мешавад, инчунин маблағ барои дастгирии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Табиби афғонистонӣ алайҳи омикрон доруи муассир таҳия кард
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷй буд, эълон карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0