Сабти рекордии мӯътодони маводи мухаддир дар Афғонистон

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкНаркопритон в Кабуле, архивное фото
Наркопритон в Кабуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2022
Обуна шудан
Парвариши густурдаи кишти кӯкнор боиси теъдоди фалокатбори нашъамандон дар кишвар шудааст
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Қариб даҳяки аҳолии Афғонистон ҳамарӯза маводи мухаддир истеъмол мекунанд, гуфтааст Абдулбарӣ Умар, муовини вазири тандурустии ин кишвар дар мусоҳиба бо телевизиони Tolo News.
Ба гуфтаи намояндаи толибон, дар ҳоли ҳозир аз 39 миллион шаҳрванди ин кишвар 3,5 миллион нафарашон нашъаманд мебошанд.
"Ҳар яки онҳо ҳамарӯза ба маблағи тақрибан 3 доллар маводи мухаддир истифода мекунанд", - гуфт мансабдор.
Коршиносони СММ гузориш доданд, ки дар соли 2020 майдони замин барои кишти ғайриқонунии кӯкнор дар Афғонистон дар муқоиса бо соли 2019 37% афзоиш ёфтааст.
Тибқи ҳисобҳо барои соли 2020, Кобул 85% тавлиди афюни ҷаҳониро ташкил медиҳад, ки ба гуфтаи коршиносон, тақрибан 6-11% ММД-ро ташкил медиҳад. Дар он вақт шумораи нашъамандон қариб 2 миллиону 400 ҳазор нафар буд.
Тайи солҳои 1996-2001, ки толибон дар Афғонистон қудрат доштанд, манбаи аслии даромади ин ҳукумат тавлид ва қочоқи минбаъдаи маводи мухаддир буд.
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2021
Ҳушдори Кремл дар бораи густариши терроризм ва интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон
Сарфи назар аз мавҷудияти Комиссияи олии мубориза бо маводи мухаддир, ки аз ҷониби худи толибон таъсис дода шудааст, беш аз 96 дарсади кӯкнори афғон дар ихтиёри давлат истеҳсол мешуд.
Ҳар моҳ таҳдиди вуруди қочоқи маводи мухаддир ба қаламрави кишварҳои ҳамсояи Кобул шадидтар мешавад.
Қаблан намояндагони идораи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон аз боздошти ду шаҳрванди Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба миқдори калон хабар дода буданд.
Қочоқчиён бо худ қариб 15 кило метамфетамин доштанд, ки барои паҳн кардан дар Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0