Зодрӯзи Озода Раҳмон-ҳоҷибибӣ, модари серфарзанд ва дасти рости падар

© Sputnik / Амир ИсаевОзода Рахмон
Озода Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2022
Обуна шудан
Раҳмон Озода Эмомалӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз 3 январ, 44-юмин солгарди мавлудашро таҷлил мекунад

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тибқи ҳолномаи Озода Раҳмон, ӯ 3 январи соли 1978 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, тайи 15 соли охир дар умури давлатӣ кор мекунад. Ӯ фаъолияташро аз мақоми кордори фарҳангии сафорати Тоҷикистон дар ИМА соли 2005 оғоз кардааст.

Озода Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2020
Озода Раҳмон ва Шамсиддин Орумбекзода: 10-гонаи беҳтарини соли 2019 муайян шуд

Феълан Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва раиси Кумитаи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният мебошад. Аз ӯ дасти рости падар ном мебаранд, чун назорату татбиқи дастурҳои раисиҷумҳурро ба уҳда дорад. Соли 2016 ҳамроҳи хонаводааш ҳаҷҷи умраро анҷом дод. Ӯ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Раҳмон Озода Эмомалӣ солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 2004-2006 дар Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ШМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил намудааст.

Солҳои 2005-2007 кордори фарҳангии сафорати Тоҷикистон дар Амрико, солҳои 2007-2009 раҳбари раёсати консулии вазорати хориҷа, солҳои 2009-2014 муовини вазири хориҷа ва аз 15 майи соли 2014 муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон буд.

Женщины слушают президента Таджикистана Эмомали Рахмона в обращении к Парламенту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2019
Машҳур, зебо ва таъсиргузор: занони сиёсатмадори тоҷик

Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухторро дошта, забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Рӯзи 27 январи соли 2016 бо фармони раисиҷумҳур - Эмомалӣ Раҳмон, Озода Раҳмон раҳбари дастгоҳи президент таъин шуд.

Дар Тоҷикистон ҷашни зодрӯз танҳо дар доираи оила иҷозат дода шудааст. Моддаи 8-и қонуни Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, таҷлили зодрӯзро танҳо дар доираи оила иҷозат дода, барои нақзи ин қонун ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 100 то 120 ва мансабдорон аз 250 то 270  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таҳдид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0