https://sputnik.tj/20211217/darguzasht-khudog-jumaev-pahlavononi-tojik-1044230342.html
Даргузашти Худогӯ Ҷумъаев, паҳлавон ва муараббии тоҷик
Даргузашти Худогӯ Ҷумъаев, паҳлавон ва муараббии тоҷик
Худогӯ Ҷумъаев, паҳлавони шинохтаи тоҷик, ки даҳсолаҳо ба тарбияи насли ҷавон машғул буд, дар синни 70-солагӣ даргузашт
2021-12-17T19:00+0500
2021-12-17T19:00+0500
2021-12-17T22:13+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
вмкб
даргузашт
паҳлавон
ванҷ
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҷумъаев дар синни 70-солагӣ дар зодгоҳаш, деҳаи Удоби ноҳияи Ванҷ даргузашт, хабар доданд наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Дар мавриди иллати марги паҳлавон ва чизе гуфта нашудааст.Худогӯ Ҷумъаев аз нахустин устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар риштаи самбо аз Тоҷикистон буда, 15 бор қаҳрамони ҷумҳурӣ дар ин навъи варзиш шудааст. Ӯ ки дар вазни беш аз 80 кило қувваозмоӣ мекард, ба унвони яке аз майдондорони асосии Тоҷикистон дар солҳои 70-90-уми асри гузашта ёд мешавад. Бар асоси ҳолномаи Ҷумъаев, ки сомонаи "Vanj.info" нашр кардааст, ӯ умрашро ба тарбияи насли наврас бахшидааст. Дар феҳрасти шогирдони Ҷумъаев Эргаш ва Шер Маҳмадбековҳо, устодони варзиши федератсияи Русия зикр мешаванд, ки худашон низ чандин қаҳрамони сатҳи ҷаҳониро тарбия намудаанд.
https://sputnik.tj/20210914/darguzasht-gurz-shinokhta-shuravi-rekordsmeni-jahon-1042258882.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
ҷумъаев, паҳлавон, шинохта, даҳсола,
ҷумъаев, паҳлавон, шинохта, даҳсола,
Даргузашти Худогӯ Ҷумъаев, паҳлавон ва муараббии тоҷик
19:00 17.12.2021 (Навсозишуда: 22:13 17.12.2021) Худогӯ Ҷумъаев, паҳлавони шинохтаи тоҷик, ки даҳсолаҳо ба тарбияи насли ҷавон машғул буд, дар синни 70-солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ҷумъаев дар синни 70-солагӣ дар зодгоҳаш, деҳаи Удоби ноҳияи Ванҷ даргузашт, хабар доданд наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Дар мавриди иллати марги паҳлавон ва чизе гуфта нашудааст.
Худогӯ Ҷумъаев аз нахустин устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар риштаи самбо аз Тоҷикистон буда, 15 бор қаҳрамони ҷумҳурӣ дар ин навъи варзиш шудааст. Ӯ ки дар вазни беш аз 80 кило қувваозмоӣ мекард, ба унвони яке аз майдондорони асосии Тоҷикистон дар солҳои 70-90-уми асри гузашта ёд мешавад.
Бар асоси ҳолномаи Ҷумъаев, ки сомонаи "Vanj.info" нашр кардааст, ӯ умрашро ба тарбияи насли наврас бахшидааст.
Дар феҳрасти шогирдони Ҷумъаев Эргаш ва Шер Маҳмадбековҳо, устодони варзиши федератсияи Русия зикр мешаванд, ки худашон низ чандин қаҳрамони сатҳи ҷаҳониро тарбия намудаанд.