https://sputnik.tj/20220102/sarmoyaguzor-arzho-lira-furu-1044569132.html
Сармоягузор арзҳоеро номбар кард, ки пас аз лираи турк дар соли 2022 фурӯ хоҳанд рафт
Сармоягузор арзҳоеро номбар кард, ки пас аз лираи турк дар соли 2022 фурӯ хоҳанд рафт
Sputnik Тоҷикистон
Мушкилоти иқтисодӣ дар соли 2022, зоҳиран, наметавонад кишварҳои Осиёи Марказиро дар канор гузорад
2022-01-02T10:30+0500
2022-01-02T10:30+0500
2022-01-02T10:30+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102577/47/1025774703_0:0:1501:844_1920x0_80_0_0_d2827e596c4ec9fa02dc6454d8bb26e7.jpg
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Кадом асъори миллӣ ба далели фурӯпошии эпикии лираи турк хатари "вазн"-ро гум кардан дорад, гуфт Григорий Сосновский, директори шабакаи минтақавии кор бо муштариёни ширкати "Ҷаҳони сармоя" дар мусоҳиба бо агентии "Прайм". Вай қайд кард, ки мушкилот дар иқтисоди Туркия хеле пеш аз пандемия оғоз ёфтаанд ва он чизе, ки ҳоло мушоҳида мешавад, натиҷаи сиёсати иқтисодии президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон аст. Коршинос вазъи бозори кишварро чунин шарҳ дод: пули миллӣ босуръат поин меравад, захираҳои асъории давлатӣ коҳиш меёбанд, сармоягузорони хориҷӣ аллакай аз дороиҳои Туркия ба хориҷ дур мешаванд ва ҳатто фирор мекунанд.Сосновский шарҳ дод, ки сабаби ин вазъ дар бозори Туркия он аст, ки Эрдуғон аслан назорати Бонки марказиро ба даст гирифт. Ин мутахассис ҳамчунин чанд кишвареро номбар кард, ки дар онҳо низ фурӯпошии пули миллӣ дар соли 2022 мумкин аст. Ҳамзамон, ӯ ба кишварҳои дорои иқтисодашон дар ҳоли рушд, ки мушкилоти онҳо барои сармоягузори рус таъсири амалӣ доранд, тамаркуз кард. Дар байни чунин давлатхо Сосновский Узбекистон, Бразилия ва Аргентинаро номбар кард. Дар Узбекистон, бино ба пешгӯии коршинос, дар соли оянда низ коҳиши бемайлони қурби пули миллӣ дар баробари доллари амрикоӣ идома хоҳад дод. Сабаб дар он хоҳад буд, ки авҷи арзиши ашёи хом ва захираҳои энергетикӣ барои содирот дар соли 2021 поин рафт, яъне беқурбшавӣ як роҳи пур кардани буҷаи миллии ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба назар мерасад. Эҳтимол дорад, ки барои ба эътидол овардани вазъи бозор, Бразилия низ нархҳоро коҳиш медиҳад ва ин маънои онро дорад, ки пули миллӣ дар баробари доллар коҳиш хоҳад ёфт.Ҳамзамон буҳрони иқтисодӣ даҳсолаҳост, ки Аргентинаро тарк намекунад. Песои Аргентина дар баробари доллар босуръат ва бемайлон поин меравад - аз соли 2016 инҷониб қурби асъор 6 маротиба беқурб шуд ва ин таърих анҷоми пешбинишаванда надорад.
https://sputnik.tj/20220101/dollar-peshgui-daqiq-iqtisoddonho-1044560851.html
https://sputnik.tj/20211208/suquti-afghoni-muqobili-dollar-afghoniston-bearzish-1044009058.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102577/47/1025774703_0:0:1125:844_1920x0_80_0_0_f6335024474d86e80098394c93662b83.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сармоягузор арзҳо лира турк
сармоягузор арзҳо лира турк
Сармоягузор арзҳоеро номбар кард, ки пас аз лираи турк дар соли 2022 фурӯ хоҳанд рафт
Мушкилоти иқтисодӣ дар соли 2022, зоҳиран, наметавонад кишварҳои Осиёи Марказиро дар канор гузорад
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Кадом асъори миллӣ ба далели фурӯпошии эпикии лираи турк хатари "вазн"-ро гум кардан дорад, гуфт Григорий Сосновский, директори шабакаи минтақавии кор бо муштариёни ширкати "Ҷаҳони сармоя" дар мусоҳиба бо агентии "Прайм".
Вай қайд кард, ки мушкилот дар иқтисоди Туркия хеле пеш аз пандемия оғоз ёфтаанд ва он чизе, ки ҳоло мушоҳида мешавад, натиҷаи сиёсати иқтисодии президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон аст.
Коршинос вазъи бозори кишварро чунин шарҳ дод: пули миллӣ босуръат поин меравад, захираҳои асъории давлатӣ коҳиш меёбанд, сармоягузорони хориҷӣ аллакай аз дороиҳои Туркия ба хориҷ дур мешаванд ва ҳатто фирор мекунанд.
Сосновский шарҳ дод, ки сабаби ин вазъ дар бозори Туркия он аст, ки Эрдуғон аслан назорати Бонки марказиро ба даст гирифт.
Ин мутахассис ҳамчунин чанд кишвареро номбар кард, ки дар онҳо низ фурӯпошии пули миллӣ дар соли 2022 мумкин аст.
Ҳамзамон, ӯ ба кишварҳои дорои иқтисодашон дар ҳоли рушд, ки мушкилоти онҳо барои сармоягузори рус таъсири амалӣ доранд, тамаркуз кард.
Дар байни чунин давлатхо Сосновский Узбекистон, Бразилия ва Аргентинаро номбар кард.
Дар Узбекистон, бино ба пешгӯии коршинос, дар соли оянда низ коҳиши бемайлони қурби пули миллӣ дар баробари доллари амрикоӣ идома хоҳад дод. Сабаб дар он хоҳад буд, ки авҷи арзиши ашёи хом ва захираҳои энергетикӣ барои содирот дар соли 2021 поин рафт, яъне беқурбшавӣ як роҳи пур кардани буҷаи миллии ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба назар мерасад.
Эҳтимол дорад, ки барои ба эътидол овардани вазъи бозор, Бразилия низ нархҳоро коҳиш медиҳад ва ин маънои онро дорад, ки пули миллӣ дар баробари доллар коҳиш хоҳад ёфт.
Ҳамзамон буҳрони иқтисодӣ даҳсолаҳост, ки Аргентинаро тарк намекунад. Песои Аргентина дар баробари доллар босуръат ва бемайлон поин меравад - аз соли 2016 инҷониб қурби асъор 6 маротиба беқурб шуд ва ин таърих анҷоми пешбинишаванда надорад.