https://sputnik.tj/20220102/jahon-jang-ruykhat-vao-1044574142.html
Дар куҷои ҷаҳон метавонад ҷанг дар соли 2022 оғоз шавад - рӯйхати "бушкаҳои борутӣ" аз ВАО
Дар куҷои ҷаҳон метавонад ҷанг дар соли 2022 оғоз шавад - рӯйхати "бушкаҳои борутӣ" аз ВАО
Sputnik Тоҷикистон
Дар мақола афзоиши шиддати муносибатҳои ИМА ва Хитой қайд карда мешавад 02.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-02T12:50+0500
2022-01-02T12:50+0500
2022-01-02T12:55+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
ҷанг
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042999218_0:99:1921:1179_1920x0_80_0_0_1ae420b03cd377c7c704ae86c22595de.jpg
ДУШАНБЕ, 2 янв – Sputnik. Як маҷаллаи амрикоӣ рӯйхати "бушкаҳои борутӣ"-ро дар сайёраи Замин тартиб додааст, ки дар он нуқот метавонад соли 2022 низоъҳои мусаллаҳона рух диҳад.Эфиопия ба сабаби задухурдҳои байни ҳукумати федералӣ ва қувваҳои Ҷабҳаи халқии озодихоҳии Тиграй ба ҳайати он дохил шуд. Ба эътиқоди гузоришгарон, ҷангҳои эҳтимолӣ дар Африқо метавонанд аз ҷониби ҷунбишҳои мухталифи радикалии исломгароӣ дар қитъа барангехта шаванд.Ҳодисаи тасодуфӣ бо ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ва Чин дар минтақаи Тайван ё дар баҳри ҷанубии Чин метавонад боиси сар задани ҷанг гардад, зеро таниш миёни ду кишвар афзоиш меёбад.Вақте ки ҳавопаймоҳои Чин ва Амрико дар соли 2001 бархӯрд карданд, барои ҳалли вазъ чанд моҳ тамоси шадиди дипломатӣ лозим шуд. Акнун ин корро кардан хеле душвортар мешавад, боварӣ доранд муаллифони мақола.Нокомии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Амрико ва Эрон низ метавонад боиси муноқишаи низомӣ шавад.Коршиносони маҷалла мегӯянд, Эрон ғанисозии ураниумро идома хоҳад дод ва қодир ба тавлиди силоҳи пурқудрати қатли ом мешавад, пас Амрико ва Исроил "ба хотири заъиф кардани зарфияти ҳастаии Теҳрон бояд ба қаламрави ин кишвар ҳамлаҳои ҳавоӣ ворид кунанд". Онҳо инчунин Украинаро ба далели тавсеаи НАТО дар Аврупои Шарқӣ ва рушди низомии он аз ҷониби Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ ба ин рӯйхат шомил карданд.Русия низ дар пайи тавсеаи НАТО дар наздикиҳои марзҳояш ҳушдор дод, ки посухи шадид хоҳад дод. Ин масъала мавзӯи аслии гуфтугӯи навбатии Путин ва Байден хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220101/siyosatshinos-osiyo-jang-video-1044561006.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042999218_108:0:1811:1277_1920x0_80_0_0_f16552935a038bc08aadebd19fb77229.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаҳон ҷанг рӯйхати
Дар куҷои ҷаҳон метавонад ҷанг дар соли 2022 оғоз шавад - рӯйхати "бушкаҳои борутӣ" аз ВАО
12:50 02.01.2022 (Навсозишуда: 12:55 02.01.2022) Дар мақола афзоиши шиддати муносибатҳои ИМА ва Хитой қайд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 2 янв – Sputnik. Як
маҷаллаи амрикоӣ рӯйхати "бушкаҳои борутӣ"-ро дар сайёраи Замин тартиб додааст, ки дар он нуқот метавонад соли 2022 низоъҳои мусаллаҳона рух диҳад.
Эфиопия ба сабаби задухурдҳои байни ҳукумати федералӣ ва қувваҳои Ҷабҳаи халқии озодихоҳии Тиграй ба ҳайати он дохил шуд.
Ба эътиқоди гузоришгарон, ҷангҳои эҳтимолӣ дар Африқо метавонанд аз ҷониби ҷунбишҳои мухталифи радикалии исломгароӣ дар қитъа барангехта шаванд.
Ҳодисаи тасодуфӣ бо ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ва Чин дар минтақаи Тайван ё дар баҳри ҷанубии Чин метавонад боиси сар задани ҷанг гардад, зеро таниш миёни ду кишвар афзоиш меёбад.
Вақте ки ҳавопаймоҳои Чин ва Амрико дар соли 2001 бархӯрд карданд, барои ҳалли вазъ чанд моҳ тамоси шадиди дипломатӣ лозим шуд. Акнун ин корро кардан хеле душвортар мешавад, боварӣ доранд муаллифони мақола.
Нокомии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Амрико ва Эрон низ метавонад боиси муноқишаи низомӣ шавад.
Коршиносони маҷалла мегӯянд, Эрон ғанисозии ураниумро идома хоҳад дод ва қодир ба тавлиди силоҳи пурқудрати қатли ом мешавад, пас Амрико ва Исроил "ба хотири заъиф кардани зарфияти ҳастаии Теҳрон бояд ба қаламрави ин кишвар ҳамлаҳои ҳавоӣ ворид кунанд".
Онҳо инчунин Украинаро ба далели тавсеаи НАТО дар Аврупои Шарқӣ ва рушди низомии он аз ҷониби Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ ба ин рӯйхат шомил карданд.
Русия низ дар пайи тавсеаи НАТО дар наздикиҳои марзҳояш ҳушдор дод, ки посухи шадид хоҳад дод. Ин масъала мавзӯи аслии гуфтугӯи навбатии Путин ва Байден хоҳад шуд.