Сиёсатшинос гуфт, ки оё соли 2022 дар Осиёи Марказӣ ҷанг мешавад? - видео

Обуна шудан
Амрикоиҳо метавонанд дар якчанд ҷой муноқишаи мусаллахонаро ба амал оваранд
Осиёи Марказӣ дар гумон аст, минтақае шавад, ки ИМА дар соли 2022 ба ҷанг кашад. Дар ин бора сиёсатшинос Ростислав Ишенко дар мусоҳиба бо Sputnik хабар дод.
Ба гуфтаи коршинос, ҳоло барои амрикоиҳо ба далели хуруҷи нирӯҳои худ аз Афғонистону Ироқ фаъолияти ҷиддии низомӣ дар Осиёи Марказӣ душвор аст.
"Бо кӯшиши зарба задан ба Осиёи Марказӣ, ИМА ба манофеи Русия ва Чин осеб мерасонад. Ва барои онҳо муҳим аст, ки Маскав ва Пекин на якҷоя, балки алоҳида амал кунанд", - таъкид кард сиёсатшинос.
Ишенко гуфт, эҳтимоли сар задани низоъ дар бахше аз моварои Қафқоз то кишварҳои Балтика зиёд аст. Вай ин қаламравро "камони оташ" номид, ки "он метавонад дар ҳама ҷо аланга занад."
ИМА метавонад дар Гурҷистон ё дар марзи Беларус ҷанг барангезад. Гузашта аз ин, "мақомоти Лаҳистон мухолифи бозӣ кардан бо амрикоиҳо дар ин замина нестанд", - таъкид кард сиёсатшинос.
Илова бар ин, Ишенко ба мавзӯъҳои муҳиме аз қабили субот дар Афғонистон, оё Аврупо ба хотири манофеи сиёсӣ аз гази Русия даст хоҳад кашид ва як қатор масъалаҳои дигари сиёсиву иқтисодӣ низ дахл кардааст.
Лентаи хабарҳо
0