Ҳунари ёфтани дили духтарро надорӣ? – ҳуҷум накун: маслиҳати равоншинос

© Pexels / Vera ArsicМуж и жена ссорятся
Муж и жена ссорятся - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Обуна шудан
Озори лафзиву дағалгуфтории наврасону ҷавонон нисбати духтарон дар кӯчаҳо – нишонаи кӯшиши ҷалби диққаташон мебошад. Ин бозгӯи он аст, ки писарон ҳунари ёфтани дили духтарро надоранд
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Чанде пеш дар Душанбе дар рӯзи равшан ду ҷавон ба ду духтараки навраси роҳгузар дарафтоданд. Онҳо аввал “бо сабаби ранг кардани мӯй ва надоштани сатр” духтаронро дашном додаанд.
Сипас, баъди он ки духтарон кирдорҳои ҷавонписаронро сабт карданӣ шуданд, боздоштшудаҳо телефонро шикаста, бо истифода аз зӯр онҳоро мавриди латукӯб ва озори ҷисмонӣ қарор доданд.
Баъди нашри акси озордиҳандаҳо дар интернет, милисаи Душанбе ду ҷавони 20 ва 27-соларо бо гумони даст доштан дар ин қазия дастгир кард. Ба онҳо то 5 соли зиндон ё 120 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.
Ин қазия монанд ба ҳодисаҳои гаппартоӣ ва озори лафзии занон дар кӯчаҳои Душанбест, ки бисёр расонаӣ мешаванд. Ҳатто мақомот барои мубориза бо ин падида, ингуна мардонро дастгир кардаву ҷазо низ медоданд.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Ҳабсу парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ду ҷавон барои латукӯби духтарони ноболиғ дар Душанбе
Лекин ҳодисаи охир бо ду духтараки наврас ҷомеаро сахт нигарон кард. Ба қавли фаъолон, ин падида, хатарест ки ба ҷомеа таҳдид мекунад ва пеши роҳи онро бояд гирифт.
Sputnik Тоҷикистон сабабҳои ҳодиса, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо онро аз коршиноси соҳаи равоншиносӣ, узви ҷамъияти равоншиносони Тоҷикистон Марям Давлатова пурсон шуд.
Ба гуфтаи Давлатова, мушкилии аслӣ якум аз хонаводаҳо сар мезанд: аз ӯҳдаи тарбияи фарзанд ба таври бояду шояд набаромадаанд. Дувум, писарон малакаи ёфтани дили духтарро надоранд ва онро дар шакли дағал ифода мекунанд.
Ӯ мегӯяд, ки фарзанд баробари калон шудан, тағйир меёбад ва усули тарбия низ вобаста ба синну сол бояд дигар шавад.

“Бархе волидон дар ин ҳолатҳо намедонанд бо фарзанди худашон чигуна муносибат кунанд. Оддитарин талаботи ҷавононро намефаҳманд ва ин боиси сар задани сарбориҳо барои ҷомеаи мешавад”, - мегӯяд ӯ.

Ба қавли равоншинос, дар натиҷа ҷавонҳо норозигӣ аз оила ва ҷомеаро ба ҷои дигаре кӯч медиҳанд.
“Мо ингуна агрессияҳоро дар ҷаҳонам мебинем, ки дар шакли даҳшатноктар зоҳир мешавад. Як наврас ба аслиҳа меояд ва ҳамсинфонашро ҳадафи тир қарор медиҳад”, - қайд мекунад равоншинос.
Равоншинос далели дувум- муносибат кардан натавонистан бо духтаронро низ аз костаги тарбия дар оила мебонад. Он ҳамон ҷавонҳоянд, ки на дар хонаводаи худ ва на дар маткабу ҷомеаи рафтари ҷавонмардонаро надидаанд, нафареро барои ибрат гирифтан надоранд, эҳтиром ба марзи шахсии як найфари бегонаро намедонанд ва умуман марзи шахсии худро низ намефаҳманд.
Автомашина марки BMW. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Боздошти директори ширкати сохтмонии БМВ-савор, ки ба духтарон пул нишон доду дашном кард
Гумонбарон хостанд таваҷҷӯҳи духтаронро ҷалб кунанд – ба таври агрессивӣ. Вақте муқобилият диданд, ба латукӯб даст заданд.
Ингуна наврасон гумон мекунанд, ки ҳақ доранд духтарони тамоми оламро ба роҳи “рост” дораранд ва дар натиҷа ба фарзанди кас кордор мешаванд.
“Бархе падару модар ба писарони наврас салоҳияти назорати апаҳои аз худашон калонро медиҳанд. Шоҳид будам, ки бародари хурди 15-сола зидди ба донишгоҳ дохил шудани апааш баромад ва падару модар қарори ӯро қабул карданд. Як додар апаро “ҷазо” дод – шаттакорӣ кард ва волидон гуфтанд, монед, “чашми духтар” тарсад”, - мисол меорад ва ӯ.
Марям Давлатова роҳҳои мубориза бо ин падидаҳоро дар оила – тарбияи дурусти фарзанд, вақт ҷудо кардан барои кӯдак, дарки хусусиятҳои синнусолии вай, ҳамкории мактабу волидон – ба волдидон фаҳмонидани психалогияи наврасон, бетараф набудани ҷомеа, намунаи ибрат будани мардоне ки наврасро иҳота мекунанд – чӣ дар хона бошад, чӣ дар мактаб, ба варзиш андармон кардани ҷавонон медонад.
Бегов Ҷаҳонгир Далаталиевич, боздоштшуда барои дашноми духтарон дар маркази Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Дашноми духтароне, ки ба лексуссаворҳо не гуфтанд: ҳабси муттаҳамон - аксу видео
“Варзиш барои кӯдак ва наврас на танҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ, балки аз ҷиҳати равонӣ низ муҳим аст. Боиси хориҷи агрессия мешавад”, - мегӯяд ӯ.
Духтар чи кор кунад?
Равоншинос ба наврасону духтарон маслиҳат медиҳад, ки агар ба ин ҳолат дучор шуданд, пеш аз ҳама муайн кунанд , ки ҷавон то кадом андоза агрессивӣ аст. Дар ҳолати “фарс - мажор” атрофиёнро ба кӯмак даъват кардан ҳам дуруст аст.
Дувум, усусли худбоварӣ дар ин ҳолат ҳам муҳим аст.
“Барои ин, машқҳои равонӣ дар назди равоншинос ва машқҳои ҷисмонӣ нақши калидӣ мебозад”, - хулоса мекунад вай.
Лентаи хабарҳо
0