https://sputnik.tj/20220101/hikmatyor-daftar-mujovimat-tojikiston-1044561923.html
Ҳикматёр гуфтааст, кушодани дафтари муқовимат дар Тоҷикистонро ҷиддӣ бояд гирифт
Ҳикматёр гуфтааст, кушодани дафтари муқовимат дар Тоҷикистонро ҷиддӣ бояд гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Ин нахусти бархурди Ҳикматёр ба Ҷабҳаи муҷовимати милли афғонистон нест
2022-01-01T12:40+0500
2022-01-01T12:40+0500
2022-01-01T14:34+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
амният ва мудофиа
афғонистон
гулбиддин ҳикматёр
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102463/40/1024634082_0:0:2772:1560_1920x0_80_0_0_2cfbe81037ea31db0c2a38fab58dad03.jpg
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон аз боз шудани дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд дар дигар кишварҳо изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин бора Sputnik Афғонистон аз як суханронии Ҳикматёр гузориш медиҳад Ӯ гуфтааст, фирори афғонҳо аз ин кишвар паёмадҳои бад хоҳад дошт, зеро ба гуфтаи Ҳикматёр, Бритониё, Амрико ва бархе аз кишварҳои дигар барои зархаридӣ дар пайи ҷалби онҳо ҳастанд.Ҳикматёр гуфт, ки кушодани дафтари муқовимат дар Тоҷикистон, Амрико ва Аврупо бояд ҷиддӣ гирифта шавад.Ин дар ҳолест, ки Ҷабҳаи муқовимат танҳо расман аз бозшавии дафтараш дар Вашингтон гузориш дод ва дар мавриди Тоҷикистону Эрон ва Аврупо чизе нашр накардааст.Раҳбари Ҳизби исломӣ мегӯяд, НАТО ва кишварҳои узви ин паймон пас аз шикасти нанговар қасос гирифта, шаъну эътибори аз даст рафтаи худро барқарор мекунанд. Оқои Ҳикматёр гуфтааст, ин кишварҳо бар ҳукумати нави Афғонистон фишорро дучанд кардаанд, таҳримҳо ҷорӣ кардаанд ва дороиҳои бонкии Афғонистонро масдуд кардаанд. Вай афзудааст, ки НАТО аз мухолифин пуштибонӣ мекунад, ва тими муқовиматро "кӯлобнишинон" унвон кардаст, ки барояшон дар Вашингтон дафтар боз шуд.Гулбиддин Ҳикматёр аз чеҳраҳои зиддитоҷиконӣ дар Афғонистон аст. Ӯ қаблан низ бо пуштибонӣ аз Покистон зидди Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал ва ҳукумати устод Бурҳониддин Раббонӣ меҷангид.Ӯ баъди суқути қаблии Кобул ба Тоҷикистон фирор кард ва баъдан аз Душанбе ба Теҳрон рафт.Ахиран сарвазири Покистон Имрон Хон низ иқрор шуд, ки Ҳикматёр дар муборизаҳо бар зидди Масъуд аз Покистон дастгирӣ меёфт. Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон бас аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон дар таърихи 15 август дар вилояти Панҷшер таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд фарзанди қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд эълони мавҷудият кард. То кунун ин ягона нерӯе ҳаст, ки дар дохили Афғонистон бар зидди толибон мубориза мебарад.
https://sputnik.tj/20211221/emomali-rahmon-roh-sulh-afghoniston-1044291685.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102463/40/1024634082_244:0:2772:1896_1920x0_80_0_0_115a24d0dc6f0387e2f8adb2c9e11558.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳикматёр муқовимат тоҷикистонро афғонистон
ҳикматёр муқовимат тоҷикистонро афғонистон
Ҳикматёр гуфтааст, кушодани дафтари муқовимат дар Тоҷикистонро ҷиддӣ бояд гирифт
12:40 01.01.2022 (Навсозишуда: 14:34 01.01.2022) Ин нахусти бархурди Ҳикматёр ба Ҷабҳаи муҷовимати милли афғонистон нест
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон аз боз шудани дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд дар дигар кишварҳо изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин бора Sputnik Афғонистон аз як суханронии Ҳикматёр
гузориш медиҳад
Ӯ гуфтааст, фирори афғонҳо аз ин кишвар паёмадҳои бад хоҳад дошт, зеро ба гуфтаи Ҳикматёр, Бритониё, Амрико ва бархе аз кишварҳои дигар барои зархаридӣ дар пайи ҷалби онҳо ҳастанд.
Ҳикматёр гуфт, ки кушодани дафтари муқовимат дар Тоҷикистон, Амрико ва Аврупо бояд ҷиддӣ гирифта шавад.
Ин дар ҳолест, ки Ҷабҳаи муқовимат танҳо расман аз бозшавии дафтараш дар Вашингтон гузориш дод ва дар мавриди Тоҷикистону Эрон ва Аврупо чизе нашр накардааст.
Раҳбари Ҳизби исломӣ мегӯяд, НАТО ва кишварҳои узви ин паймон пас аз шикасти нанговар қасос гирифта, шаъну эътибори аз даст рафтаи худро барқарор мекунанд.
Оқои Ҳикматёр гуфтааст, ин кишварҳо бар ҳукумати нави Афғонистон фишорро дучанд кардаанд, таҳримҳо ҷорӣ кардаанд ва дороиҳои бонкии Афғонистонро масдуд кардаанд.
Вай афзудааст, ки НАТО аз мухолифин пуштибонӣ мекунад, ва тими муқовиматро "кӯлобнишинон" унвон кардаст, ки барояшон дар Вашингтон дафтар боз шуд.
Гулбиддин Ҳикматёр аз чеҳраҳои зиддитоҷиконӣ дар Афғонистон аст. Ӯ қаблан низ бо пуштибонӣ аз Покистон зидди Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал ва ҳукумати устод Бурҳониддин Раббонӣ меҷангид.
Ӯ баъди суқути қаблии Кобул ба Тоҷикистон фирор кард ва баъдан аз Душанбе ба Теҳрон рафт.
Ахиран сарвазири Покистон Имрон Хон низ иқрор шуд, ки Ҳикматёр дар муборизаҳо бар зидди Масъуд аз Покистон дастгирӣ меёфт.
Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон бас аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон дар таърихи 15 август дар вилояти Панҷшер таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд фарзанди қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд эълони мавҷудият кард.
То кунун ин ягона нерӯе ҳаст, ки дар дохили Афғонистон бар зидди толибон мубориза мебарад.