https://sputnik.tj/20211221/emomali-rahmon-roh-sulh-afghoniston-1044291685.html
Ғаразе надорем: Раҳмон роҳи ба сулҳ расидани Афғонистонро нишон дод
Ғаразе надорем: Раҳмон роҳи ба сулҳ расидани Афғонистонро нишон дод
Sputnik Тоҷикистон
Президент роҳи барқарор шудани сулҳ дар Афғонистонро дар сарҷамъ шудани мардум ва ташкили ҳукумати фарогир мебинад
2021-12-21T13:15+0500
2021-12-21T13:15+0500
2021-12-26T15:40+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042107221_0:23:3069:1749_1920x0_80_0_0_b60f640c4866167afdb6c32f5f6711e6.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солона дар борабари мушкилоту пешрафти як солаи Тоҷикистон, ҳамчунин ба вазъи Афғонистон низ дахл кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, сулҳу субот дар кишварҳои ҳамсоя ба нафъи Тоҷикистон аст ва нооромӣ дар ҳамсоякишварҳо ба ҷумҳурӣ бетаъсир намемонад.Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки Тоҷикистон ба тақдири мардуми азияткашидаи Афғонистон бетавофут нест.Президент изҳори боварӣ кард, ки мардуми Афгонистон бо тамоми имконоти сиёсию иқтисодӣ ва таърихию иҷтимоӣ, тақдири имрӯзу фардояшро ба даст мегиранд. Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон аз зарурати ҳар чӣ зудтар расондани кумаки башардӯстона ба ин кишвар таъкид карда, афзуд, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар созмону ташкилотҳо имкони логистикуӣ пешниҳод кард."Ҳоло 6 пуле, ки миёни Тоҷикистону Афғонистон қарор доранд, барои расондани кумаки башарӣ хидмат мекунанд".Роҳбари давлат афзуд, ки вазъи феълии Афғонистон ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бетаъсир нест. Ӯ гуфт, тамоми мушкилоте, ки дар минтақаҳои марзӣ рух медиҳад, ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонад. Президенро махсусан қочоқи маводи мухаддир нигарон кардааст.Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки чун Тоҷикистон таҷрибаи ҷангро пушти сар кардааст, аз ин рӯ ҷонибдори ҳар чӣ зудтар барқарор шудани ҷанг дар Афғонистон мебошад.
https://sputnik.tj/20211129/hushdor-rahmon-gurusnagi-afghoniston-1043821454.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042107221_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a625a05ab30539a5379259b58522bbdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон афғонистон паём
эмомалӣ раҳмон афғонистон паём
Ғаразе надорем: Раҳмон роҳи ба сулҳ расидани Афғонистонро нишон дод
13:15 21.12.2021 (Навсозишуда: 15:40 26.12.2021) Президент роҳи барқарор шудани сулҳ дар Афғонистонро дар сарҷамъ шудани мардум ва ташкили ҳукумати фарогир мебинад
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солона дар борабари мушкилоту пешрафти як солаи Тоҷикистон, ҳамчунин ба вазъи Афғонистон низ дахл кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, сулҳу субот дар кишварҳои ҳамсоя ба нафъи Тоҷикистон аст ва нооромӣ дар ҳамсоякишварҳо ба ҷумҳурӣ бетаъсир намемонад.
Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки Тоҷикистон ба тақдири мардуми азияткашидаи Афғонистон бетавофут нест.
Мо чунин мешуморем, ки сарҷамъ сохтани мардум ва ташкили ҳукумати фарогир ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар ин кишвар аст", - изҳор дошт роҳбари давлат.
Президент изҳори боварӣ кард, ки мардуми Афгонистон бо тамоми имконоти сиёсию иқтисодӣ ва таърихию иҷтимоӣ, тақдири имрӯзу фардояшро ба даст мегиранд.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон аз зарурати ҳар чӣ зудтар расондани кумаки башардӯстона ба ин кишвар таъкид карда, афзуд, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар созмону ташкилотҳо имкони логистикуӣ пешниҳод кард.
"Ҳоло 6 пуле, ки миёни Тоҷикистону Афғонистон қарор доранд, барои расондани кумаки башарӣ хидмат мекунанд".
Роҳбари давлат афзуд, ки вазъи феълии Афғонистон ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бетаъсир нест. Ӯ гуфт, тамоми мушкилоте, ки дар минтақаҳои марзӣ рух медиҳад, ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонад. Президенро махсусан қочоқи маводи мухаддир нигарон кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки чун Тоҷикистон таҷрибаи ҷангро пушти сар кардааст, аз ин рӯ ҷонибдори ҳар чӣ зудтар барқарор шудани ҷанг дар Афғонистон мебошад.