https://sputnik.tj/20211230/somoni-rubl-evro-bmt-1044519064.html
Устувории сомонию коҳиши қурби рублу евро: БМТ арзиши асъори хориҷиро эълон кард
Устувории сомонию коҳиши қурби рублу евро: БМТ арзиши асъори хориҷиро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Сомонӣ дар охирин рӯзҳои сол мавқеяшро дар баробари асъорҳои хориҷӣ аз қабили рублу евро устувортар мекунад
2021-12-30T09:36+0500
2021-12-30T09:36+0500
2021-12-30T15:02+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонки миллӣ
рубл
доллар
евро
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_e7acd0390934aedc3e0e0f89484b7f28.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Пули миллӣ - сомонӣ тавонист дар авохири сол дар баробари асъори хориҷӣ дар кишвар арзиши худро ҳифз кунад.Ба ин тартиб, тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон, сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ бетағйир аст. Ҳоло як доллар ба 11,30 сомонӣ баробар шудааст.Ёдовар мешавем, ки пули миллӣ охирин маротиба моҳи августи соли 2021 то ҳадди имкон дар баробари доллар заиф шуда буд. Он замон барои як доллар дар бонкҳои кишвар 11,33 сомонӣ медоданд.Дар мавриди арзи аврупоӣ бошад, як евро бо қурби БМТ 12.7713сомонӣ муомила мешавад. Баҳори имсол ин асъор ба болотарин ҳадди нишондодҳояшрасид, ки он замон барои як евро 13,83 сомонӣ медоданд.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар давоми як рӯз як сомонӣ поин рафта, ҳоло 1000 рубл 153,4 сомонӣ арзиш дорад.Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 0.153,4 сомонӣ медоданд.Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;1 евро аз 12.7713 то 12.9700 сомонӣ;1 рубли русӣ аз 0.1524 то 0.1540 сомонӣ.Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20211229/peshguii-korshinosi-rus-qurbi-somoni-dollar-1044487240.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_527:0:3258:2048_1920x0_80_0_0_702af7f7ec562944b4eeed06dc559817.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сомонӣ рубл евро бмт
Устувории сомонию коҳиши қурби рублу евро: БМТ арзиши асъори хориҷиро эълон кард
09:36 30.12.2021 (Навсозишуда: 15:02 30.12.2021) Сомонӣ дар охирин рӯзҳои сол мавқеяшро дар баробари асъорҳои хориҷӣ аз қабили рублу евро устувортар мекунад
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Пули миллӣ - сомонӣ тавонист дар авохири сол дар баробари асъори хориҷӣ дар кишвар арзиши худро ҳифз кунад.
Ба ин тартиб, тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон, сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ бетағйир аст. Ҳоло як доллар ба 11,30 сомонӣ баробар шудааст.
Ёдовар мешавем, ки пули миллӣ охирин маротиба моҳи августи соли 2021 то ҳадди имкон дар баробари доллар заиф шуда буд. Он замон барои як доллар дар бонкҳои кишвар 11,33 сомонӣ медоданд.
Дар мавриди арзи аврупоӣ бошад, як евро бо қурби БМТ 12.7713сомонӣ муомила мешавад. Баҳори имсол ин асъор ба болотарин ҳадди нишондодҳояшрасид, ки он замон барои як евро 13,83 сомонӣ медоданд.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар давоми як рӯз як сомонӣ поин рафта, ҳоло 1000 рубл 153,4 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 0.153,4 сомонӣ медоданд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7713 то 12.9700 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1524 то 0.1540 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.