https://sputnik.tj/20211230/juntay-danghara-sin-silu-tekstil-korgar-mejuyad-1044541032.html
“Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил" коргар меҷӯяд
“Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил" коргар меҷӯяд
Sputnik Тоҷикистон
Маҷмаи нассоҷии ҶСП "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил" дар ноҳияи Данғара ба коргар ниёз дорад. Ин корхона барои кормандонаш омодааст тот 2300 сомонӣ маош пешниҳод кунад
2021-12-30T19:20+0500
2021-12-30T19:20+0500
2021-12-30T20:56+0500
дар тоҷикистон
чин
саноат
коргарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031915131_0:316:3077:2047_1920x0_80_0_0_f655934dfdfc8d904ff8dbd5b0fdce3e.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълон кардааст, ки маҷмаи нассоҷии ҶСП "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил" коргар меҷӯяд.Вазорати меҳнат иттилоъ додааст, корхонаи мазкур, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон воқеъ аст, шаҳрвандонро аз рӯи касбҳои нассоҷӣ: бофанда, дӯзанда, бурранда, андозагир, рангуборчӣ ва дигар касбҳои нассоҷӣ барои кор даъват мекунад.Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ин корхона коргаронеро, ки аз дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба кор ҷалб мешаванд, бо ҷойи хоб ва як бор хӯрок дар рӯз таъмин хоҳад кард.Бояд гуфт, ҳоло қисми зиёди кормандони ин корхонаро занон ташкил медиҳанд.Манбаъ таъкид намуд, ки корхона ба наздик ба 500 нафар коргар ниёз дорад.
https://sputnik.tj/20211229/bozdid-amonzoda-korgoh-danghara-1044511496.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031915131_348:0:3077:2047_1920x0_80_0_0_7280cc2f5a0ce95346e6129c71f4d241.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, корхона, чин, коргар, ҷустуҷӯ, маош
тоҷикистон, корхона, чин, коргар, ҷустуҷӯ, маош
“Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил" коргар меҷӯяд
19:20 30.12.2021 (Навсозишуда: 20:56 30.12.2021) Маҷмаи нассоҷии ҶСП "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил" ба коргар ниёз дорад. Ин корхона барои кормандонаш омодааст, то 2300 сомонӣ маош пешниҳод кунад
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълон кардааст, ки маҷмаи нассоҷии ҶСП "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил" коргар меҷӯяд.
Вазорати меҳнат иттилоъ додааст, корхонаи мазкур, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон воқеъ аст, шаҳрвандонро аз рӯи касбҳои нассоҷӣ: бофанда, дӯзанда, бурранда, андозагир, рангуборчӣ ва дигар касбҳои нассоҷӣ барои кор даъват мекунад.
“Музди меҳнат дар давраи озмоишӣ 1150 сомонӣ ва дар давраҳои минбаъдаи фаъолияти меҳнатӣ аз 1300 сомонӣ то 2300 сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳад”,– иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ин корхона коргаронеро, ки аз дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба кор ҷалб мешаванд, бо ҷойи хоб ва як бор хӯрок дар рӯз таъмин хоҳад кард.
Бояд гуфт, ҳоло қисми зиёди кормандони ин корхонаро занон ташкил медиҳанд.
Манбаъ таъкид намуд, ки корхона ба наздик ба 500 нафар коргар ниёз дорад.