https://sputnik.tj/20211229/bozdid-amonzoda-korgoh-danghara-1044511496.html
Боздиди Амонзода аз коргоҳе дар Данғара, ки аксар кормандонаш зан ҳастанд
Боздиди Амонзода аз коргоҳе дар Данғара, ки аксар кормандонаш зан ҳастанд
Sputnik Тоҷикистон
Феълан қисми зиёди кормандони маҷмааи нассоҷии ҶСП "Ҷунтай Данғара Син силу Текстил" -ро занон ташкил медиҳанд
2021-12-29T20:25+0500
2021-12-29T20:25+0500
2021-12-30T13:04+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
вазорати меҳнат
ширин амонзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044224361_0:175:1360:940_1920x0_80_0_0_569757458763b0ef646f0c26ef265bbf.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ аз маҷмаи нассоҷии ҶСП "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил" дар ноҳияи Данғара боздид намуд.Дафтари матбуотии Вазорати меҳнат хабар медиҳад, ки мақсади сафари Амонзода ба ин коргоҳ ҷалби мутахассисон барои фаъолият дар маҷмаи мазкур мебошад.Гуфта мешавад, зимни боздид аз ширкати мазкур маълум гардид, ки дар корхона ҷойҳои кории зиёде дар соҳаи нассоҷӣ таъсис ва кормандони маҳаллӣ баъд аз омӯзиш ба кор ҷалб шудаанд.Дар ширкат кормандон бо технологияҳои муосир фаъолият карда, бо шароити зарурии корӣ таъмин мебошанд.Зикр гардид, ки алъон қисми зиёди кормандонро занон ташкил медиҳанд.Манбаъ таъкид намуд, ки бо назардошти васеъ гардонидани раванди истеҳсолӣ дар корхонаи мазкур он ба мутахассисон, дӯзанда, бофанда, бурранда, дарзмолкунанда ва ғайра ба теъдоди 497 нафар эҳтиёҷ дорад.Аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, дар ҷиҳати ҷалби кормандон ба маҷмаи мазкур барои занони хоҳишманд аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат машғулиятҳои амалии таълимӣ, курсҳои омӯзишӣ ташкил шаваду нафароне, ки дар ин давраҳои омӯзишӣ ширкат менамоянд, бо кор дар ин коргоҳҳо таъмин шаванд.
https://sputnik.tj/20211022/danghara-tamini-kor-aholi-peshqadam-1043027985.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044224361_0:48:1360:1068_1920x0_80_0_0_c6fd13d997d421d54d2defeada7dd33c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
данғара ширин амонзода
Боздиди Амонзода аз коргоҳе дар Данғара, ки аксар кормандонаш зан ҳастанд
20:25 29.12.2021 (Навсозишуда: 13:04 30.12.2021) Феълан қисми зиёди кормандони маҷмаи нассоҷии ҶСП "Ҷунтай Данғара Син силу Текстил"-ро занон ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ аз маҷмаи нассоҷии ҶСП "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил" дар ноҳияи Данғара боздид намуд.
Дафтари матбуотии Вазорати меҳнат хабар медиҳад, ки мақсади сафари Амонзода ба ин коргоҳ ҷалби мутахассисон барои фаъолият дар маҷмаи мазкур мебошад.
Гуфта мешавад, зимни боздид аз ширкати мазкур маълум гардид, ки дар корхона ҷойҳои кории зиёде дар соҳаи нассоҷӣ таъсис ва кормандони маҳаллӣ баъд аз омӯзиш ба кор ҷалб шудаанд.
Дар ширкат кормандон бо технологияҳои муосир фаъолият карда, бо шароити зарурии корӣ таъмин мебошанд.
"Музди меҳнати кормандон аз 1300 то 2300 сомониро ташкил медиҳад. Кормандоне, ки аз ноҳияҳои дурдаст ба кор ҷалб мешаванд, бо ҷойи хобу хӯроки гарм таъмин мегарданд", - омадааст дар хабар.
Зикр гардид, ки алъон қисми зиёди кормандонро занон ташкил медиҳанд.
Манбаъ таъкид намуд, ки бо назардошти васеъ гардонидани раванди истеҳсолӣ дар корхонаи мазкур он ба мутахассисон, дӯзанда, бофанда, бурранда, дарзмолкунанда ва ғайра ба теъдоди 497 нафар эҳтиёҷ дорад.
Аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, дар ҷиҳати ҷалби кормандон ба маҷмаи мазкур барои занони хоҳишманд аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат машғулиятҳои амалии таълимӣ, курсҳои омӯзишӣ ташкил шаваду нафароне, ки дар ин давраҳои омӯзишӣ ширкат менамоянд, бо кор дар ин коргоҳҳо таъмин шаванд.