https://sputnik.tj/20211230/berdimuhammadov-2022-sol-thrkmaniston-1044526890.html
Бердимуҳаммадов гуфт, 2022 чӣ солест ва ба кӣ комёбӣ меорад
Бердимуҳаммадов гуфт, 2022 чӣ солест ва ба кӣ комёбӣ меорад
Sputnik Тоҷикистон
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов қайд кард, ки соли оянда соли Бабр хоҳад буд
2021-12-30T13:40+0500
2021-12-30T13:40+0500
2021-12-30T19:02+0500
иҷтимоъ
туркманистон
осиёи марказӣ
қурбонқулӣ бердимуҳаммадов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102219/04/1022190430_0:282:2639:1766_1920x0_80_0_0_5f3ab4fc3aa264defa0bd252515d519a.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, соли 2022 чӣ гуна хоҳад буд. Кишвардор дар пешгӯии худ соли ояндаро на соли паланги обӣ (тибқи тақвими шарқӣ), балки соли озодапаланг гуфт. Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи муштараки Девони Вазирон ва Шӯрои амнияти давлатии Туркманистон пешгӯии астрономии худро эълон кард, хабар медиҳад хабаргузории давлатии "Туркманистон сегодня". Ба гуфти президент, бабр як махлуқи зирак, ҷисман рушдёфта, ҳадафманд буда, сустиро таҳаммул намекунад, соли ин ҳайвон барои онҳое, ки чунин хислат доранд, соли хуб мешавад.Бо назардошти ин хусусиятҳо президент барои соли оянда тавсияҳои зеринро ироа кард: Бояд қайд кард, ки ин аввалин пешгӯии раисҷумҳури Туркманистон нест. Президент ҳамасола аз рӯи ситорашиносии шарқӣ пешбиниҳоеро расонаӣ мекунад. Масалан Бердимуҳаммадов бовар дошт, ки соли 2021 - соли бақар фоида меорад, зеро соли "яке аз ҳайвоноти дӯстдоштаи туркманҳо аст". Дар соли 2020, ки соли мӯш буд, президент ҳосили фаровонро пешгӯӣ карда буд. Путин Соли навро чӣ гуна таҷлил мекунад? Бар замми ситорашиносии шарқӣ, Бердимуҳаммадов ба нумерология бовар дорад ва рақами ҳафтро рамзи хушбахтӣ медонад. Ин рақам дар мошинҳо ва аспҳое, ки президент дар пойгаҳо истифода мекунад, насб шудааст.
https://sputnik.tj/20211225/berdimuhammadov-dastur-qimat-kolo-kohish-1044404599.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102219/04/1022190430_0:35:2639:2014_1920x0_80_0_0_7416f36acba923683c76bb38e0415ac3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурбонгулӣ бердимуҳаммадов, бабри сафед, пешгӯӣ
қурбонгулӣ бердимуҳаммадов, бабри сафед, пешгӯӣ
Бердимуҳаммадов гуфт, 2022 чӣ солест ва ба кӣ комёбӣ меорад
13:40 30.12.2021 (Навсозишуда: 19:02 30.12.2021) Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов қайд кард, ки соли оянда соли бабри барфӣ аст, на паланги обӣ
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, соли 2022 чӣ гуна хоҳад буд. Кишвардор дар пешгӯии худ соли ояндаро на соли паланги обӣ (тибқи тақвими шарқӣ), балки соли озодапаланг гуфт.
Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи муштараки Девони Вазирон ва Шӯрои амнияти давлатии Туркманистон пешгӯии астрономии худро эълон кард, хабар медиҳад хабаргузории давлатии "
Туркманистон сегодня".
Ба гуфти президент, бабр як махлуқи зирак, ҷисман рушдёфта, ҳадафманд буда, сустиро таҳаммул намекунад, соли ин ҳайвон барои онҳое, ки чунин хислат доранд, соли хуб мешавад.
Бо назардошти ин хусусиятҳо президент барои соли оянда тавсияҳои зеринро ироа кард:
барои шабеҳи барб шудан бояд ба худшиносӣ, дарки навоварӣ машғул шуд;
2022 барои омӯзиши забонҳо ва азхудкунии ихтисосҳо соли хуб хоҳад буд;
соли бабр мушкилоти ҷиддии саломатӣ нахоҳад овард, он махсусан барои пайравони тарзи ҳаёти фаъол хуб хоҳад буд;
рӯҳияи баланди бабр ба ҳалли ҳамаи масъалаҳо мусоидат мекунад. Онҳое, ки дар соли бабр таваллуд шудаанд, бо хислати хуб, нерӯмандӣ, хушмуомилагияшон аз дигарон фарқ мекунанд ва дар тиҷорату эҷодкорӣ муваффақ мешаванд.
Бояд қайд кард, ки ин аввалин пешгӯии раисҷумҳури Туркманистон нест. Президент ҳамасола аз рӯи ситорашиносии шарқӣ пешбиниҳоеро расонаӣ мекунад.
Масалан Бердимуҳаммадов бовар дошт, ки соли 2021 - соли бақар фоида меорад, зеро соли "яке аз ҳайвоноти дӯстдоштаи туркманҳо аст".
Дар соли 2020, ки соли мӯш буд, президент ҳосили фаровонро пешгӯӣ карда буд.
Бар замми ситорашиносии шарқӣ, Бердимуҳаммадов ба нумерология бовар дорад ва рақами ҳафтро рамзи хушбахтӣ медонад. Ин рақам дар мошинҳо ва аспҳое, ки президент дар пойгаҳо истифода мекунад, насб шудааст.