Бердимуҳаммадов дастур дод, ки дар Соли нав қимати маҳсулотро коҳиш диҳанд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент, председатель кабинета министров Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов
Президент, председатель кабинета министров Туркмении Гурбангулы Бердымухамедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Обуна шудан
Ҳамчунин, дар остонаи Соли нави мелодӣ шаҳрвандони Туркманистон метавонанд ду рӯз ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунанд
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ҳукумат дастур дод, ки дар остонаи Соли нав нархи баъзе колоҳоро то 50% поин барад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи “Нейтральный Туркменистан”.
Чунин дастурро Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи маҷозии ҳукумати ин кишвар ироа кардааст.
"Ба муовини сарвазир Чарӣ Гилиджов (савдо ва тиҷорат) супориш дода шуд, ки аз рӯзи шанбе то 1 январи соли оянда дар бозору мағозаҳо савдои идонаи маҳсулоти саноатӣ ва озуқаворӣ ташкил намуда, нархи баъзеи онҳо то 50 дарсад арзон карда шавад, то ки одамон барои хешу табор ва дӯстон туҳфа харидорӣ кунанд ва Соли навро хуб таҷлил кунанд”, - омадааст дар паём.
Ҳанӯз эълон нашудааст, ки кадом маҳсулот бо тахфиф фурӯхта мешавад.
Руки с углём - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Баргузории ярмаркаи фурӯшӣ ангишт дар чаҳор шаҳри бузурги вилояти Суғд
Ҳамчунин раисиҷумҳури Туркманистон ба мудири кулли Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди ҳукумат Муҳаммадхон Чакиев дастур дод, ки рӯзҳои 31 декабр ва 1 январ сафари ройгони шаҳрвандонро дар автобусҳои шаҳрӣ ташкил кунад.
Ба муовини нахуствазир дар умури иқтисод ва молия Сардор Бердимуҳаммадов дастур дода шуд, ки пардохти маош дар муассисаҳои алоҳидаро назорат кунад.
Нашрия аз суханони раисиҷумҳури Туркманистон иқтибос овардааст, ки "дар самти нархгузорӣ ва ҳамчунин барои фаровонии молҳои хушсифати истеҳсоли худамон дар бозорҳо сари вақт чораҳои дахлдор андешида шаванд".
Лентаи хабарҳо
0