https://sputnik.tj/20211229/vazorati-moliyai-tolibon-tarhi-bujai-panjsolai-omoda-1044497164.html
Вазорати молияи толибон тарҳи буҷаи панҷсолаи ин кишварро омода кардааст
Вазорати молияи толибон тарҳи буҷаи панҷсолаи ин кишварро омода кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати молияи толибон мегӯяд, ки пешнависи буҷаи панҷ соли ояндаи молии Афғонистонро омода карда ва барои таъйид ба Шӯрои вазирон мефиристад
2021-12-29T15:00+0500
2021-12-29T15:00+0500
2021-12-29T19:17+0500
афғонистон
толибон
вазорати молия
буҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041771060_0:98:3292:1950_1920x0_80_0_0_2b8781d7dddc14c8c5c007f1c8fb37b1.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Аҳмадвалӣ Ҳақмал, сухангӯи Вазорати молияи ҳукумати сарпарасти толибон мегӯяд, ки ин буҷа аз даромадҳои дохилӣ омода шуда ва муттакӣ ба кумакҳои хориҷӣ нест, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Ariana News”.Ба иттилои манбаъ, Ҳақмал изҳори умедворӣ кардааст, ки Шӯрои вазирон то охири ҳамин моҳ тарҳи буҷаро тасвиб ва барои иҷро ба ниҳодҳои марбута равон хоҳад кард.Оқои Ҳақмал илова кард, ин нахустин буҷаи Ҳукумати Афғонистон дар 20 соли ахир аст, ки ба кумакҳои хориҷӣ такя намекунад ва аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ таъмин мешавад.“Вазорати молия кори худро анҷом додааст ва баъдан барои тасвиб ба Шӯрои вазирон фиристода мешавад”, - қайд кард сухангӯи Вазорати молияи ҳукумати толибон.Сухангӯи Вазорати молияи толибон мегӯяд, барои таъмини буҷа амалиёте, ки аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ таъмин мешавад, мушкиле вуҷуд надорад, аммо дар мавриди буҷаи инкишофӣ мушкилоте вуҷуд дорад.Аз сӯйи дигар коршиносони иқтисодӣ мегӯянд, буҷа танҳо масориф вазоратхонаҳо нест, балки пружаҳои инкишофӣ ва хадамот барои мардум бояд дар назар гирифта шаванд.Ин дар ҳолест, ки буҷаи миллии Афғонистон дар солҳои гузашта 4,5 миллиард афғонӣ тахмин зада шудааст, ки 40 дарсади он ба пружаҳои инкишофӣ ихтисос дода шуда буд.Бояд гуфт, ҳукумати толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб дорад, ба Амрико фишор биёранд, то дороиҳои мусодирашудаи Афғонистонро, ки ба мардуми ин кишвар тааллуқ доранд ва дар бонкҳои ИМА банд шудаанд, озод намоянд.Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини нахуствазири толибон ба расонаҳо гуфт, ки агар ҷаҳон дороиҳои масдудшудаи Афғонистонро озод накунад, на танҳо дар ин кишвар, балки дар минтақа мушкилот эҷод мешавад.Вай бо интиқод аз кишварҳои ҷаҳон ба хотири хомӯшӣ дар баробари дороиҳои мусодирашудаи Афғонистон тавассути Амрико илова кард: пулҳои мусодирашуда ба мардуми Афғонистон тааллуқ дорад, на ба Ашраф Ғанӣ, зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Амрико намегӯяд, ки пулҳои мардуми Афғонистонро озод кунад.Ин ҳам дар ҳолест, ки сухангӯи Кохи Сафед дар нишасти хабарие гуфт, Вашингтон дар ҳоли ҳозир нияти озодсозии 10 миллиард доллари мусодирашудаи Афғонистонро надорад.
https://sputnik.tj/20211122/chin-doroiho-afghoniston-raho-tahrimho-laghv-1043693104.html
https://sputnik.tj/20210921/qureyshi-tolibon-pul-afghoniston-ozod-1042390412.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041771060_238:0:2969:2048_1920x0_80_0_0_f3b5767b1f105aa52ebb516e7133815f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, вазорати молия, панҷсола, шӯрои вазирон
афғонистон, вазорати молия, панҷсола, шӯрои вазирон
Вазорати молияи толибон тарҳи буҷаи панҷсолаи ин кишварро омода кардааст
15:00 29.12.2021 (Навсозишуда: 19:17 29.12.2021) Вазорати молияи толибон мегӯяд, ки пешнависи буҷаи панҷ соли ояндаи молии Афғонистонро омода карда ва барои таъйид ба Шӯрои вазирон мефиристад
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Аҳмадвалӣ Ҳақмал, сухангӯи Вазорати молияи ҳукумати сарпарасти толибон мегӯяд, ки ин буҷа аз даромадҳои дохилӣ омода шуда ва муттакӣ ба кумакҳои хориҷӣ нест, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Ariana News”.
Ба иттилои манбаъ, Ҳақмал изҳори умедворӣ кардааст, ки Шӯрои вазирон то охири ҳамин моҳ тарҳи буҷаро тасвиб ва барои иҷро ба ниҳодҳои марбута равон хоҳад кард.
"Пешнависи буҷа дар вазорат омодааст ва кори он низ тамом шудааст", - афзуд ӯ.
Оқои Ҳақмал илова кард, ин нахустин буҷаи Ҳукумати Афғонистон дар 20 соли ахир аст, ки ба кумакҳои хориҷӣ такя намекунад ва аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ таъмин мешавад.
“Вазорати молия кори худро анҷом додааст ва баъдан барои тасвиб ба Шӯрои вазирон фиристода мешавад”, - қайд кард сухангӯи Вазорати молияи ҳукумати толибон.
Сухангӯи Вазорати молияи толибон мегӯяд, барои таъмини буҷа амалиёте, ки аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ таъмин мешавад, мушкиле вуҷуд надорад, аммо дар мавриди буҷаи инкишофӣ мушкилоте вуҷуд дорад.
Аз сӯйи дигар коршиносони иқтисодӣ мегӯянд, буҷа танҳо масориф вазоратхонаҳо нест, балки пружаҳои инкишофӣ ва хадамот барои мардум бояд дар назар гирифта шаванд.
Ин дар ҳолест, ки буҷаи миллии Афғонистон дар солҳои гузашта 4,5 миллиард афғонӣ тахмин зада шудааст, ки 40 дарсади он ба пружаҳои инкишофӣ ихтисос дода шуда буд.
Бояд гуфт, ҳукумати толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб дорад, ба Амрико фишор биёранд, то дороиҳои мусодирашудаи Афғонистонро, ки ба мардуми ин кишвар тааллуқ доранд ва дар бонкҳои ИМА банд шудаанд, озод намоянд.
Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини нахуствазири толибон ба расонаҳо гуфт, ки агар ҷаҳон дороиҳои масдудшудаи Афғонистонро озод накунад, на танҳо дар ин кишвар, балки дар минтақа мушкилот эҷод мешавад.
Вай бо интиқод аз кишварҳои ҷаҳон ба хотири хомӯшӣ дар баробари дороиҳои мусодирашудаи Афғонистон тавассути Амрико илова кард: пулҳои мусодирашуда ба мардуми Афғонистон тааллуқ дорад, на ба Ашраф Ғанӣ, зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Амрико намегӯяд, ки пулҳои мардуми Афғонистонро озод кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки сухангӯи Кохи Сафед дар нишасти хабарие гуфт, Вашингтон дар ҳоли ҳозир нияти озодсозии 10 миллиард доллари мусодирашудаи Афғонистонро надорад.