https://sputnik.tj/20210921/qureyshi-tolibon-pul-afghoniston-ozod-1042390412.html
Қурайшӣ: Барои беҳтар кардани "Толибон"* дороиҳои Афғонистонро бояд озод кард
Қурайшӣ: Барои беҳтар кардани "Толибон"* дороиҳои Афғонистонро бояд озод кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Покистон бар ин бовар аст, ки озодсозии дороиҳои масдудшудаи Афғонистон аз сӯи Амрико Толибонро водор мекунад, то иқдомоташонро дар самти дуруст савқ диҳанд
2021-09-21T10:59+0500
2021-09-21T10:59+0500
2021-09-21T13:05+0500
има
афғонистон
покистон
масдуд
суратҳисоб
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041875539_0:0:3079:1731_1920x0_80_0_0_15c0dbf4d38d7db17579955b7242c3ed.jpg
Вогузории назорат болои ҳисобҳои ниҳодҳои собиқи Афғонистон ба "Толибон" кумак хоҳад кард, то ин гурӯҳ барои наздикӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ ҳаракат кунад, гуфтааст Қурайшӣ дар суҳбат бо ТАСС.Ба гуфтаи ӯ, ин кор сабаби рӯ ба иқдомоти беҳтар овардани "Толибон"* дар дохили Афғонистон хоҳад шуд.ХБА ҳамкорӣ бо Афғонистонро қатъ кард ва ба "Толибон" шарт гузоштҚурайшӣ гуфт: "Ин маблағи Афғонистон аст ва мардуми афғон бояд онро сарф кунанд".Қурашӣ афзуд, "Толибон"* дарк кунанд, ки агар он ба эътироф ва кӯмаки байналмилалӣ ниёз дошта бошад, пас бояд ба андешаи байналмилалӣ бештар гӯш диҳад.Пас аз суқути ҳукумати Афғонистон ба дасти "Толибон"* Иёлоти Муттаҳида тақрибан 10 миллиард доллар дороиҳои ин кишварро дар бонк ва дигар муассисаҳои молии ИМА масдуд кард.Котиби давлатии ИМА ахиран изҳор дошт, ки "Толибон"* бояд барои расидан ба "эътирофи байналмилалӣ" заҳмат кашад. Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки ҳама гуна ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи мусаллаҳ ба "манфиатҳои миллӣ"-и Афғонистон хоҳад буд.* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210916/tolibon-doroi-khoriji-afghoniston-boz-1042291016.html
има
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041875539_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d50ddf9005f70c10083a55fabade1db1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурейшӣ толибон* пул афғонистон суратҳисоб има масдуд
қурейшӣ толибон* пул афғонистон суратҳисоб има масдуд
Қурайшӣ: Барои беҳтар кардани "Толибон"* дороиҳои Афғонистонро бояд озод кард
10:59 21.09.2021 (Навсозишуда: 13:05 21.09.2021) Вазири умури хориҷии Покистон бар ин бовар аст, ки озодсозии дороиҳои масдудшудаи Афғонистон аз сӯйи Амрико "Толибон"-ро водор мекунад, то аз иқдомоти дуруст кор бигирад
Вогузории назорат болои ҳисобҳои ниҳодҳои собиқи Афғонистон ба "Толибон" кумак хоҳад кард, то ин гурӯҳ барои наздикӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ ҳаракат кунад, гуфтааст Қурайшӣ дар суҳбат бо ТАСС.
Ба гуфтаи ӯ, ин кор сабаби рӯ ба иқдомоти беҳтар овардани "Толибон"* дар дохили Афғонистон хоҳад шуд.
Қурайшӣ гуфт: "Ин маблағи Афғонистон аст ва мардуми афғон бояд онро сарф кунанд".
"Масдуд кардани ин дороиҳо ба беҳбуди вазъи Афғонистон кумак нахоҳад кард. Аз қудратмандон даъват мекунам, ки ин сиёсатро бознигарӣ кунанд ва он ҳисобҳоро кушоянд. Ин як қадам ба сӯйи эътимод ба "Толибон"* ва ташвиқи рафтори мусбат хоҳад буд",-гуфтааст Қурайшӣ.
Қурашӣ афзуд, "Толибон"* дарк кунанд, ки агар он ба эътироф ва кӯмаки байналмилалӣ ниёз дошта бошад, пас бояд ба андешаи байналмилалӣ бештар гӯш диҳад.
Пас аз суқути ҳукумати Афғонистон ба дасти "Толибон"* Иёлоти Муттаҳида тақрибан 10 миллиард доллар дороиҳои ин кишварро дар бонк ва дигар муассисаҳои молии ИМА масдуд кард.
Котиби давлатии ИМА ахиран изҳор дошт, ки "Толибон"* бояд барои расидан ба "эътирофи байналмилалӣ" заҳмат кашад. Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки ҳама гуна ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи мусаллаҳ ба "манфиатҳои миллӣ"-и Афғонистон хоҳад буд.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия