https://sputnik.tj/20210420/ustoi-tojik-tabaq-1038806812.html
Табақҳои усто Саидбек дар Қирғизистону Русия фурӯхта мешаванд - навор
Табақҳои усто Саидбек дар Қирғизистону Русия фурӯхта мешаванд - навор
Sputnik Тоҷикистон
Саидбек Машрабов сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон мебошад, ки давоми 40 сол ба табақсозӣ машғул аст.
2021-04-20T14:35+0500
2021-04-20T14:35+0500
2021-04-20T14:35+0500
видео
дар тоҷикистон
усто
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038805075_83:0:927:475_1920x0_80_0_0_4f7c21350e7beb62ae55225c1b648aa0.jpg
Саидбек Машрабов сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон мебошад, ки давоми 40 сол ба табақсозӣ машғул аст.Дар ин кор ба Машрабов фарзандони ӯ кӯмак мекунанд. Онҳо чӯбро канда ба шакл медароранд, сипас устои моҳир онро ҳамвор, рангу бор ва гулкорӣ мекунад.Машрабов дар наворе, ки дар шабакаи иҷтимоии YouTube нашр шудаст, мегӯяд, шуғли ӯ заҳмати калонро талаб мекунад.Туҳфаи устоҳои тоҷик барои Бозиҳои зимистонаи олимпии ПекинӮ гуфт, аз деҳаву ноҳияҳои дигар хоҳишмандони омӯхтани ин касб наздаш омада буданд, вале пас аз чанд муддат бинобар мушкилӣ аз идомаи таълим гирифтан даст кашиданд.Табақи калонтарине, ки Машрабов омода намудааст, 1,5 метр буд. Ҳоло маҳсули дастранҷи хонаводаи Машрабов то Қирғизистону Русия расидааст.Ин устои заҳматкаш мегӯяд, "муҳим нест, одам кадом касбро интихоб мекунад, балки муҳим ин аст, ки касбашро дӯст дорад".Ҳоло ин хонавода ва чандин оилаҳои дигар, ки дар ҳамсоягӣ бо Машрабов зиндагӣ ва ҳамроҳи ӯ кор мекунанд, рисқу рузияшонро аз ин ҳисоб пайдо мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038805075_294:0:927:475_1920x0_80_0_0_bf83c86e17feb4da1b4eb4ea9763ba9d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон, усто, табақсоз
Саидбек Машрабов сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон мебошад, ки давоми 40 сол ба табақсозӣ машғул аст.
Дар ин кор ба Машрабов фарзандони ӯ кӯмак мекунанд. Онҳо чӯбро канда ба шакл медароранд, сипас устои моҳир онро ҳамвор, рангу бор ва гулкорӣ мекунад.
Машрабов дар наворе, ки дар шабакаи иҷтимоии YouTube нашр шудаст, мегӯяд, шуғли ӯ заҳмати калонро талаб мекунад.
Ӯ гуфт, аз деҳаву ноҳияҳои дигар хоҳишмандони омӯхтани ин касб наздаш омада буданд, вале пас аз чанд муддат бинобар мушкилӣ аз идомаи таълим гирифтан даст кашиданд.
Табақи калонтарине, ки Машрабов омода намудааст, 1,5 метр буд. Ҳоло маҳсули дастранҷи хонаводаи Машрабов то Қирғизистону Русия расидааст.
Ин устои заҳматкаш мегӯяд, "муҳим нест, одам кадом касбро интихоб мекунад, балки муҳим ин аст, ки касбашро дӯст дорад".
"Агар шахс касбашро сидқан дӯст дорад, он гоҳ ӯ метавнад зиндагии худро беҳбуд бахшад.
Ҳоло ин хонавода ва чандин оилаҳои дигар, ки дар ҳамсоягӣ бо Машрабов зиндагӣ ва ҳамроҳи ӯ кор мекунанд, рисқу рузияшонро аз ин ҳисоб пайдо мекунанд.