Тасдиқи нақшаи амали ҳукумат барои нимсолаи аввали соли 2022 ва тарҳи қонунҳои ҷадид

© Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонМаҷлиси ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президент, Эмомалӣ Раҳмон
Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президент, Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳоеро тасдиқ намуда, барномаҳои соли ояндаашро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар ҷаласаи ҳукумат таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон барномаи кори нимсолаи аввали соли 2022 тасдиқ шуда, мақомдорон аз тадбирҳо барои иҷрои буҷаи давлатӣ дар соли оянда гузориш доданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон масъулинро муваззаф кардааст, ки бандҳои зикршуда дар паёми президент ба парлумон ва нишондодҳои иқтисодӣ - иҷтимоиро иҷро намоянд.
Манбаъ афзуд, дар ҷаласа инчунин лоиҳаҳои баъзе аз қонунҳо баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла лоиҳаи қонунҳо "Дар бораи истеҳсолоти иҷро", тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, иловаҳо ба Кодекси мурофиавии гражданӣ, Кодекси мурофиавии иқтисодӣ ва кодексҳои дигар тасдиқ шуданд.
Автомобили, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Дороии бахши хусусӣ дар Тоҷикистон 400 миллиард сомонӣ ҳисоб шудааст
Инчунин лоиҳаи тағйирот ба Қонун "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" барои омӯзиш ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ирсол гардид.
Дар баробари ин аъзои ҳукумат пешниҳоди вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав дар марвиди иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияро баррасӣ кардаанд.
Аз ҷумлаи санадҳои дигари баррасишуда барномаҳои таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2022-2026, рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2022-2026, Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026 гуфта мешавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон масъулинро ба иҷрои бандҳои паёмаш муваззаф кардааст, ки ахиран дар хитоб ба парлумон садо дода буд.
Лентаи хабарҳо
0