https://sputnik.tj/20211221/doroi-bakhshi-khususi-tojikiston-1044295603.html
Дороии бахши хусусӣ дар Тоҷикистон 400 миллиард сомонӣ ҳисоб шудааст
Дороии бахши хусусӣ дар Тоҷикистон 400 миллиард сомонӣ ҳисоб шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳаҷми дороии бахши хусусӣ дар кишварро эълон кард
2021-12-21T14:45+0500
2021-12-21T14:45+0500
2021-12-21T19:42+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
эмомалӣ раҳмон
дороӣ
бахши хусусӣ
паём
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101390/29/1013902920_0:62:1601:962_1920x0_80_0_0_82bac24344a1d916ce2702a4d94405f6.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дороии бахши хусусӣ дар кишварро ҳудуди 400 миллиард сомонӣ арзёбӣ кард. "Агар дороиҳои бахши хусусиро дар кишвар бо арзиши пулӣ ифода намоем, пас он аз ҳисоби арзиши амволи ғайриманқул ва дороиҳои молиявии ширкату корхонаҳои бахши хусусӣ, дар маҷмуъ қариб 400 миллиард сомониро ташкил медиҳад", - изҳор дошт раисҷумҳур. Вай инчунин аз афзоиши мошинҳои хусусӣ дар ҷумҳурӣ дар қиёс бо нишондоди соли 1991 изҳор дошт. Ба гуфтаи раисҷумҳур, агар соли 1991 дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини сабукрави шахсӣ ба қайд гирифта шуда буд, дар бист соли охир 730 ҳазор мошини сабукрав ворид гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки талош доранд, барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созанд ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба ҳамин хотиранд.
https://sputnik.tj/20211221/mardum-mushkilot-ziyod-rahmon-1044292705.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101390/29/1013902920_118:0:1481:1022_1920x0_80_0_0_357cd76220864e109678a26e03ba91b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, хусусӣ, тоҷикистон, миллиард, сомонӣ, бахши хусусӣ
эмомалӣ раҳмон, хусусӣ, тоҷикистон, миллиард, сомонӣ, бахши хусусӣ
Дороии бахши хусусӣ дар Тоҷикистон 400 миллиард сомонӣ ҳисоб шудааст
14:45 21.12.2021 (Навсозишуда: 19:42 21.12.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми дороии бахши хусусӣ дар кишварро эълон кард
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дороии бахши хусусӣ дар кишварро ҳудуди 400 миллиард сомонӣ арзёбӣ кард.
"Агар дороиҳои бахши хусусиро дар кишвар бо арзиши пулӣ ифода намоем, пас он аз ҳисоби арзиши амволи ғайриманқул ва дороиҳои молиявии ширкату корхонаҳои бахши хусусӣ, дар маҷмуъ қариб 400 миллиард сомониро ташкил медиҳад", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Вай инчунин аз афзоиши мошинҳои хусусӣ дар ҷумҳурӣ дар қиёс бо нишондоди соли 1991 изҳор дошт.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, агар соли 1991 дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини сабукрави шахсӣ ба қайд гирифта шуда буд, дар бист соли охир 730 ҳазор мошини сабукрав ворид гардидааст.
"Дар солҳои истиқлолият аз ҷониби аҳолӣ зиёда аз 320 ҳазор воситаи нақлиёт ва дигар техникаи таъйиноти гуногун хусусӣ гардонида шудааст, яъне аҳолии мамлакат дар замони истиқлолият соҳиби беш аз ду миллион воситаи нақлиёти шахсӣ гардидааст", - таъкид намуд раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки талош доранд, барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созанд ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба ҳамин хотиранд.