https://sputnik.tj/20211229/murojiat-zanon-afghoniston-bayden-1044500433.html
Муроҷиати занони Афғонистон ба Байден: Чӣ тақозо карданд
Муроҷиати занони Афғонистон ба Байден: Чӣ тақозо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Занони /Афғонистон алайҳи амалиёти ИМА норизогӣ баён намуданд ва ба кишвардори Амрико, Ҷо Байден бо дархосте муроҷиат намуданд
2021-12-29T16:30+0500
2021-12-29T16:30+0500
2021-12-29T19:48+0500
иҷтимоъ
афғонистон
муроҷиат
занон
ҷо байден
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1b/1044446128_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_4531291b2190925ad8efdc2228c21f1e.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Даҳҳо тан аз занони Афғонистон дар шаҳри Кобул алайҳи иқдоми Амрико, ки дороиҳои ин кишварро дар хориҷ мунҷамид кардааст, эътироз намуданд.Ба гузориши хабаргузории "TOLOnews", занони афғонистонӣ бо шиору овезаҳо ба кишвардори Амрико Ҷо Байден муроҷиат ва хоҳиш карданд, ки пулҳои дармондаи онҳоро раҳо кунад.Расонаҳо: Толибон сӯйи занони эътирозгар дар Кобул оташ кушодандҚаблан ҳам ин расона хабар дод, ки даҳҳо бонуи Афғонистон ба хотири талаб кардани эҳтиром нисбати худ ва таъмини шароити созгор дар ин кишвар алайҳи ҳукумати муваққати толибон даст ба эътироз заданд.Занон аз ҷумла бо шиорҳои "Мо садои мардуми гурусна ҳастем!", "Занҳо аз хоб бедор шуданд!", "Мо аз табъиз нафрат дорем!", садо баланд мекарданд.Ёдовар мешавем, толибон пас аз тасмими Амрико дар бораи берун овардани низомиёни худ аз хоки Афғонистон ба пиёда кардани амалиётҳои густурда оғоз намуданд.Рӯзи 15 август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва рӯзи ҳафтуми сентябр ҳайати ҳукумати муваққати худро эълон карданд, ки то ҳол қонунӣ будани онро ҳеҷ кишваре эътироф накардааст.Бо вуҷуди тадбирҳои кунунии толибон вазъи иқтисодии Афғонистон ниҳоят вазнин боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти СММ, дар ҳоли ҳозир 22,8 миллион шаҳрванди ин сарзамин аз норасоии ғизо ва 8,7 миллион нафар азоби гуруснагӣ мекашанд.
https://sputnik.tj/20211024/afghoniston-kudak-gurusnagi-jon-bokht-1043070656.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1b/1044446128_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_4a85bcff8558c74c7f1efb82b355a07f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон ҷо байден
Муроҷиати занони Афғонистон ба Байден: Чӣ тақозо карданд
16:30 29.12.2021 (Навсозишуда: 19:48 29.12.2021) Занони Афғонистон алайҳи амалиёти ИМА норизогӣ баён ва ба кишвардори Амрико Ҷо Байден бо дархосте муроҷиат намуданд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Даҳҳо тан аз занони Афғонистон дар шаҳри Кобул алайҳи иқдоми Амрико, ки дороиҳои ин кишварро дар хориҷ мунҷамид кардааст, эътироз намуданд.
Ба гузориши хабаргузории "TOLOnews", занони афғонистонӣ бо шиору овезаҳо ба кишвардори Амрико Ҷо Байден муроҷиат ва хоҳиш карданд, ки пулҳои дармондаи онҳоро раҳо кунад.
Қаблан ҳам ин расона хабар дод, ки даҳҳо бонуи Афғонистон ба хотири талаб кардани эҳтиром нисбати худ ва таъмини шароити созгор дар ин кишвар алайҳи ҳукумати муваққати толибон даст ба эътироз заданд.
Занон аз ҷумла бо шиорҳои "Мо садои мардуми гурусна ҳастем!", "Занҳо аз хоб бедор шуданд!", "Мо аз табъиз нафрат дорем!", садо баланд мекарданд.
Ёдовар мешавем, толибон пас аз тасмими Амрико дар бораи берун овардани низомиёни худ аз хоки Афғонистон ба пиёда кардани амалиётҳои густурда оғоз намуданд.
Рӯзи 15 август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва рӯзи ҳафтуми сентябр ҳайати ҳукумати муваққати худро эълон карданд, ки то ҳол қонунӣ будани онро ҳеҷ кишваре эътироф накардааст.
Бо вуҷуди тадбирҳои кунунии толибон вазъи иқтисодии Афғонистон ниҳоят вазнин боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти СММ, дар ҳоли ҳозир 22,8 миллион шаҳрванди ин сарзамин аз норасоии ғизо ва 8,7 миллион нафар азоби гуруснагӣ мекашанд.