Ҷавони кушташуда дар задухӯрди гурӯҳӣ дар Панҷакент донишомӯзи литсей будааст

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкСдача экзаменов
Сдача экзаменов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Обуна шудан
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Иззат Ёров яке аз се ҷавони кушташудаи муноқишаи хунин дар шаҳри Панҷакент гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Абдуҳалим Қодирӣ, мудири муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ техникии шаҳри Панҷакент дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ёров дар курси дуюм таҳсил мекард.
“Иззат Ёров дар курси дуюми гурӯҳи чӯбтарош – бинокори Литсей таҳсил мекард. Як рӯз қабл аз ҷанҷол асбобҳои барқии хобгоҳи муассисаро ба омӯзгорони навбатдор супорида ба зодгоҳаш деҳаи Моғиён рафта буд. Аммо рӯзи якшанбе дар ҷанҷоли гурӯҳӣ кушта шуд”, - изҳор намуд, мудири литсей.
Рӯзи 26-уми декабр дар пайи муноқишаи гурӯҳи дар назди мактаби №15-и шаҳри Панҷакент Иззат Ёрови 17-сола аз зарби корд дар бемористон ҷон дод.
Ҳамроҳ бо Ёров ду ҷавони дигар, бародарон Ғолибшоҳи 23-сола ва Зоҳиршоҳи 21-сола, сокинон шаҳраки Суғдиён низ кушта шуданд.
Драка болельщиков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Шарҳи расмии муноқишаи хунин дар Панҷакент: додситонӣ таҳқиқ мекунад
Манобеъ аз шаҳри Панҷакент мегӯянд, онҳое ки ба сӯйи Ёров ва бародарон корд кашидаанд, сокинони ҷамоати Фарёб гуфта мешаванд. Муноқишаи миёни онҳо барои як “зарядмонак” сар зада, ба фоҷеаи бузург анҷомидааст. Ин ҳодисаи мудҳиш шаҳри Панҷакентро такон дод.
Зимнан нисбати гумонбарони ҳодиса бо моддаҳои 104 (одамкушӣ) ва 237 (авбошӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз тарафи прокуратураи шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Тибқи моддаҳои мазкури КҶ, дар ҳолати собит шудани ин ҷиноят омилони он аз 5 то 25 сол ҳукми зиндон хоҳанд гирифт.
Лентаи хабарҳо
0