https://sputnik.tj/20211228/munoqisha-margbor-panjakent-1044455475.html
Шарҳи расмии муноқишаи хунин дар Панҷакент: додситонӣ таҳқиқ мекунад
Шарҳи расмии муноқишаи хунин дар Панҷакент: додситонӣ таҳқиқ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Бо гузашти ду рӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муноқишаи маргбори гуруҳӣ дар Панҷакентро шарҳ дод
2021-12-28T11:22+0500
2021-12-28T11:22+0500
2021-12-28T17:44+0500
панҷакент
муноқиша
дар тоҷикистон
вкд
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040861932_0:126:3073:1854_1920x0_80_0_0_7e3d38e94a34e0c26396b33ade1c8c81.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ба гузориши ВКД, муноқишаи маргбор 26-уми декабри соли 2021, тахминан соати 13:50 дар рӯ ба рӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент сар задааст.Ба иттилои манбаъ, чаҳор нафар аз ҷавонони 18 ва 19-солаи сокинони шаҳри Панҷакент бо маслиҳати пешакӣ бо се нафар ҷавони 17, 21 ва 23-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурдагон задаанд.Ин ниҳод сабабҳои задухӯрд ва ҳувияти иштирокчиёни ин ҳодисаро расонаӣ накардааст.Гуфта мешавад, нисбати гумонбарони ҳодисаи мазкур бо моддаи 104, қисми 2, бандҳои “а”, “к” ва моддаи 237, қисмҳои 2, 3, бандҳои “а”, “б”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи прокуратураи шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.Ин бандҳои Кодеси ҷиноии кишвар ба ҷинояткорон аз панҷ то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунанд.
панҷакент
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0d/1040861932_136:0:2867:2048_1920x0_80_0_0_53e9d2460f2f082c0b94af63479685cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муноқиша хунин панҷакент додситонӣ таҳқиқ
муноқиша хунин панҷакент додситонӣ таҳқиқ
Шарҳи расмии муноқишаи хунин дар Панҷакент: додситонӣ таҳқиқ мекунад
11:22 28.12.2021 (Навсозишуда: 17:44 28.12.2021) Бо гузашти ду рӯз аз муноқишаи маргбори гуруҳӣ дар Панҷакент Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин ҳодисаро тоза шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ба гузориши ВКД, муноқишаи маргбор 26-уми декабри соли 2021, тахминан соати 13:50 дар рӯ ба рӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, чаҳор нафар аз ҷавонони 18 ва 19-солаи сокинони шаҳри Панҷакент бо маслиҳати пешакӣ бо се нафар ҷавони 17, 21 ва 23-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурдагон задаанд.
"Дар натиҷа, 3 нафар ҷавон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - афзуд манбаъ.
Ин ниҳод сабабҳои задухӯрд ва ҳувияти иштирокчиёни ин ҳодисаро расонаӣ накардааст.
Гуфта мешавад, нисбати гумонбарони ҳодисаи мазкур бо моддаи 104, қисми 2, бандҳои “а”, “к” ва моддаи 237, қисмҳои 2, 3, бандҳои “а”, “б”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи прокуратураи шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Ин бандҳои Кодеси ҷиноии кишвар ба ҷинояткорон аз панҷ то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунанд.