Даргузашти Алии Беангушт, фармондеҳи собиқи мухолифини тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Обуна шудан
Алӣ Ҳалимов, фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нерӯҳои опозитсияи тоҷик (ИНОТ) аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Вай яке аз фармондеҳоне буд, ки ҳам дар сафи мухолифин ҷангид ва ҳам бо ҳукумат канор омада, вазифаи давлатиашро анҷом дод.
Рамзиддин Шамсиев, як сокини ноҳияи Шаҳритӯс, ки Алӣ Ҳалимовро мешинохт, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф субҳи 29-уми декабр дар пайи як бемории кӯтоҳ дар деҳаи собиқ хоҷагии Ленинград, ҳоло Тоҷикободи ноҳияи Шаҳритӯс вафот кардааст.
"Наздиконаш гуфтанд, ки касал буду аммо зиёд эътибор намедод. Ҳам қанд дошту ҳам осеби сутунмуҳра. Рӯзҳои ахир дардаш бештар хуруҷ карда, бистарӣ шуда буд”, - гуфт ӯ.
Алӣ Ҳалимов ҳудуди 68 сол дошта, дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ғарм, ҳоло ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омада буд.
Дар замони гирудорҳои сиёсиву низомии солҳои 90-уми Тоҷикистон ба сафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) пайваста, соли 1992 ба Афғонистон фирор кард. Дар Афғонистон ӯ фармондеҳии як гурӯҳи кӯчаки размандагони мухолифинро раҳбарӣ мекард.
Пас аз панҷ сол, дар пайи имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва ИНОТ ӯ ба Ватан баргашта, ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон пайваст.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Аз мотам дар оилаи президент то муллою табибон: ғам дар соли 2021 дари киро кӯфт?
Аз ҳамон сол то соли 2014 дар вазифаҳои мухталифи қисмҳои низомии марзбонии Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлону Суғд ифои вазифа карда, то рутбаи полковникӣ расид ва бознишаста шуд. Вай яке аз он фармондеҳони мухолифини собиқ буд, ки тавонист пас аз ворид шудан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то охир кор карда, хизматро ба поён расонад.
Қабл аз ӯ фармондеҳони маъруфе назири Мирзо Зиёев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ҳалим Назаров ва даҳҳо нафари дигар ё кушта ё зиндонӣ шуданд.
Ҳамзамон ба далели набудани се ангушти дасти росташ, ки дар пайи кор бо арраи барқӣ аз даст дода буд, ӯро Алӣ Беспалий ё Алии Беангушт лақаб ниҳода буданд. Вай он замон дар мағозаи асбобҳои рӯзгори шаҳраки Шаҳритӯс кор мекард.
Лентаи хабарҳо
0