Чаро IRS тарифҳояшро боло бурду ин амал чӣ паёмад дорад?

© Sputnik / Амир ИсаевПлатный участок дороги в Варзоб, архивное фото
Платный участок дороги в Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Обуна шудан
"Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" (IRS), ширкати бритониёие, ки шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, ягона масири пулакии васоити нақлиётро нигоҳубин мекунад, аз гарон шудани таъруфаҳояш хабар дод
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Аз якум январи соли 2022 таъруфаҳои ин ширкат дар ҳадди миёна ба 7% боло хоҳанд рафт.
Худоёр Худоёрзода, муовини мудири ин ширкат дар як матлаб 25 далели ин болоравии ҳаққи истифода аз ин роҳро ироа намуд, ки умдатарини онҳо солҳо тағйир надодани таъруфаҳо, афзоиши хароҷоти истеҳсолӣ, болоравии сатҳи таваррум, коҳиши қурби сомонӣ дар баробари доллар, сол ба сол таъмирталаб шудани роҳҳо ва ғайра гуфта мешавад.
Дар ҳамин ҳол Sputnik Тоҷикистон аз ширкат ва Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ниҳоди нозири нарху таъруффҳо ба тафсилоти бештаре даст ёфт, ки бино ба онҳо, манзараи воқеитаре аз мушкилоти IRS тасвир мешавад. Таъруфаҳои гузар аз плазаҳои толингии IRS ҳанӯз соли 2010 муқаррар шуда, 11 сол ба ин сӯ тағйир наёфта буданд ва бино ба шартномаи консессионие, ки миёни IRS ва Ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расидааст, ин ширкат муваззаф аст, роҳро дар ҳолате нигоҳ дорад, ки ба он таҳвил дода шуд.

Таваррум ва доллар

Раванд ё фарояндҳои таваррумӣ омили аслии боло бурдани таъруфаҳо гуфта мешаванд, ки ба таври миёна, агар дар соли 2010-ум 9,8% буд, дар соли 2021 ҳудуди 9,6%-ро ташкил дод. Камтарин мизони таваррум соли 2013 дар сатҳи 3,7% будааст. Дар кулл тайи 11 соли мизони ҷамъии таваррум расо 130%-ро ташкил кардааст.
Агар дар маҷмуъ хароҷоти нигоҳдории роҳ, коргоҳҳои асфалту сангмайдакунӣ, нақбҳо, хароҷоти маъмурӣ ва тиҷоратии ширкат дар солҳои 2011-2016 ба 1 км роҳ маблағи 382 ҳазору 244 сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондод дар солҳои 2017-2021 ба 772 ҳазору 252 сомонӣ боло рафтааст, ки дар ин маврид афзоиши хароҷот ба 2,02 баробар шудааст.
© IRSИллюстрация к статье про изменение тарифов на проезд по дороге Душанбе - Чанак
Иллюстрация к статье про изменение тарифов на проезд по дороге Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Иллюстрация к статье про изменение тарифов на проезд по дороге Душанбе - Чанак
Омили дуввум болоравии курси сомонӣ ба доллари амрикоист, ки замони таъйини таърифҳо нархи 1 доллар баробар ба 3,9 сомонӣ буда, соли 2010, замони шурӯъи кори плазаҳои толингӣ ба 4,3 сомонӣ расид. Ҳоло як доллар ба 11,3 сомонӣ табдил мешавад ва дар қиёс бо соли 2010 ин шохис 2,9 маротиба зиёд аст.
Тағйири нархи сомонӣ ба доллари амрикоӣ яке аз авомили асосии таъсиргузор ба хароҷоти IRS маҳсуб мешавад, зеро харидидории ашёи хом ва мавод барои корҳои роҳ, аз қабили битум ва дигар заруриёт, ки солона тақрибан 2500 тонро ташкил медиҳанд, ҳамчунин техникаи махсуси кор, таҷҳизоти замонавии соҳаи технологияи информатсионӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишвории дизелӣ аз хориҷи кишвар ва бо доллар анҷом мешавад.

Аз "КамАз" ба фура

Омили сеюм тағйири навъҳои васоили нақлияест, ки ба борбарӣ машғуланд. Агар дар солҳои 2009-2013 боркабарӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ аз тариқи васоити нақлияи бо зарфияти 20 тонна анҷом мешуд, аз он ба баъд борбарҳои HOWO бо зарфияти 25-30 ва фураҳо бо зарфияти 40-60 тонна ба навъҳои асосии васоили нақлия табдил ёфтанд.
Азбаски шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ дар тӯли худ дорои фарозу нишеб аст, илова бар борҳои амудӣ, борҳои шебдор низ дар бистари роҳ ҳаракат мекунанд. Аз ҷумла, дар ҷараёни сохтмони иншооти бузург мавориди ҳамлу нақл чизҳое ба вазни 120 тонна дар шоҳроҳ иттифоқ афтод. Як гузари чунин борҳои калонҳаҷм ва вазнин, хатҳои амиқеро дар қисмати болоии асфалт эҷод мекунад, ки ниёз ба таъмири такрории роҳ дар тайи як солро ба вуҷуд меорад.
Министр транспорта Республики Таджикистан Худоёрзода Худоёр Завкибек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
"Гарон беҳикмат нест": Худоёрзода гуфт, чаро ҳаққи хадамоти IRS боло рафт
Ҳамаи инҳо мунҷар ба коҳиши шадиди замони таъмир аз 10 соли меъёрӣ ба 2,4 сол шудааст. Илова бар ин ҳаракати берун аз меъёри молу коло дар роҳҳо мунҷар ба тахриби пулҳо мешавад. Ба ин тартиб IRS бидуни ҷазби субсидияҳо як пул бар рӯи рӯдхонаи Яғноб (Айнӣ)-ро дар километри 95 бозсозӣ кард ва дар ҳоли ҳозир пуле бар рӯи рудхонаи Оқсӯ (Спитамен), дар километри 267-умро месозад, ки ниёз ба сармоягузории чандмиллионӣ аз хазинаи ширкат дорад.

Аз қарори ҳукумат то сиёсати иҷтимоӣ

Ҳукумати Тоҷикистон дар қароре аз 30 декабри 2010 мизони пардохтиро барои беш аз ҳадди борҳои вазнин ба доллари амрикоӣ таъйин карда буд, аммо соли 2014 IRS бар асоси асноди меъёрии дохили ширкат, ин мизони пардохти вазни иловагии борро аз рӯи нархи табдили сомонӣ ба доллар бо сомонӣ ба роҳ монд.
Баъдан, ҳангоме ки нархи доллар тағйир кард, андозаи пардохт тавассути ширкат тағйир дода нашуд, зеро ин ҳол метавонист мунҷар ба паёмадҳои ҷиддии иҷтимоӣ, аз ҷумла қимат шудани маҳсулот шавад ва ба таври қобили таваҷҷуҳе бар ҳамлу нақли коло дар ҷумҳурӣ таъсир бигузорад. Бо ин ҳама IRS ҷиҳатгирии иҷтимоии сиёсати таъруфаияшро нигоҳ доштааст.
Тоннель Истиклол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Масири Душанбе - Чаноқ ҳамарӯза ба муддати ҳафт соат масдуд мешавад
Аз ибтидои иҷрои шартҳои Созишномаи консессионӣ дар сиёсати таъруфаии ширкат барои сокинони шаҳру деҳоти ҳошияи шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ имтиёзоти густурдае дар назар гирифта шудааст. Андозаи чунин имтиёзот аз 50% то 85% аз таъруфаҳои таъйиншуда аст. Дар айни ҳол ҳазинаи солонаи ширкат барои таъмини ин имтиёзот аз 1.4 миллион сомонӣ бештар ҳисоб мешавад.
Дар сиёсати таъруфаии ҷадиди IRS дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки таъруфаҳои пардохти нақдӣ ва ғайринақдӣ ҷудо шавад, то сокинони кишварро ба истифодаи фаъолтар аз пардохтҳои электронӣ таҳрик кунад.
Афзоиши аслӣ бар таъруфаи васоили нақлияи категорияи аввал, яъне сабукравҳое, ки умдатан моликияти шахсӣ ҳастанд, таъсир хоҳад гузошт. Рушди тарифҳои ин категория барои пардохти ғайрнақдӣ ба таври мутавассит 32% мешавад. Афзоиши тариф барои васоили нақлия ҳамлу нақл ба таври мутавассит 6.14 дарсад хоҳад буд, ки набояд бар афзоиши қимати колоҳо дар бозори дохилии ҷумҳурӣ таъсир бигузорад.
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Азим Иброҳим роҳсозони масири Кӯлоб - Қалъаи Хумбро қадрдонӣ кард
Як чизе, ки дар ин тарифҳо ҷолиби таваҷҷуҳ аст, пардохтҳои нақдӣ ё ғайринақдӣ, тавассути корти пардохтӣ ё RFID аст, ки аз 1 то 6 сомонӣ фарқ мекунанд.
Далер Мерганов, сухангӯи IRS ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, имтиёз барои онҳое, ки бо усули ғайринақдӣ кор мекунанд, ба хотири боло бурдани маърифати молӣ ва ҷилавгирӣ аз тамбашавии мошинҳо дар плазаҳои толлингӣ аст.
“Як имтиёзи дигари ширкат ба ронандагон ин аст, ки онҳо метавонанд корти пардохтӣ ё RFID-ро ройгон ба даст оранд”, - гуфт ӯ.

Таърихи мавзуъ

Созишномаи нигоҳдорӣ ва таъмири роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ миёни IRS ва Ҳукумати Тоҷикистон соли 2009 ба имзо расида, ин ширкат аз якуми апрели соли 2010 пулчинӣ дар плазаҳои толингиро шуруъ кард.
Дар оғоз ширкат ҳафт плазаи толингӣ, “Варзоб”, “Ҳушёрӣ”, “Майхӯра” (ноҳияи Варзоб) “Шаҳристон” (Шаҳристон), “Истаравшан” (Истаравшан), “Деҳмой” ва “Чорух” (Бобоҷон Ғафуров)-ро фаъол сохт. Соли 2017 ба хотири як шудани плазаҳои “Ҳушёрӣ” ва “Майхӯра” ба плазаи “Ҳушёрӣ” ин рақам ба шаш баробар шуд.
Таъруфаҳо барои васоити нақлиётӣ аз ин роҳ аз сӯйи Хадамоти зиддиинҳисорӣ як бор барои тамоми плазаҳои толингӣ 23 ноябри соли 2011 ва як бори дигар ҳам барои се плаза – “Варзоб”, “Ҳушёрӣ” ва “Майхӯра” ба ин далел, ки мавқеияти худро дигар карданд ва дуи ахир муттаҳид шуданд, 30 июни соли 2017 таъйид шудаанд.
Рӯзи 25-уми ноябри соли равон IRS дигарбора ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат ва 25 декабр таъйиди таъруфаҳои ҷадидашро ба даст овард, ки бино ба он, тарифҳо аз як то 19 сомонӣ ё аз 6,1 то 32% барои чор навъи васоити нақлия афзуда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0