https://sputnik.tj/20211222/masir-dushanbe-chanoq-masdud-meshavad-1044318814.html
Масири Душанбе - Чаноқ ҳамарӯза ба муддати ҳафт соат масдуд мешавад
Масири Душанбе - Чаноқ ҳамарӯза ба муддати ҳафт соат масдуд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати IRS аз маҳдудияти ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд хабар дод. Ин маҳдудиятҳо то замони пурра таъмир шудани нақби "Истиқлол" идома меёбанд 22.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-22T14:00+0500
2021-12-22T14:00+0500
2021-12-22T19:11+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
суғд
роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/15/1032667040_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_e44f9c6f9ddcfd9d60698615925a606b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Роҳи Душанбе - Чаноқ ҳамакнун ба вақти шом ҳам масдуд мешавад, дар ҳоле ки қаблан ширкати IRS танҳо аз маҳдудиятҳои нисфирӯзӣ хабар дода буд.Қаблан ширкати IRS хабар дод, ки аз 20 декабр барои 10 рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи ин нақб аз соати 09:00 то 13:00 боздошта мешавад. Аммо рӯзи гузашта маҳдудияҳо ба вақти шом ҳам ҷорӣ гардиданд.Ҳамакнун ҳамарӯза аз соати 21:00 то 24:00 ҳарати нақлиёт дар ин масир масдуд мешавад ва дар нақб низоми ҳавософкунӣ насаб мешавад.Ёдрас мекунем, дар роҳи ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи нақби "Истиқлол" борҳо маҳдудият ҷорӣ шуда буд. Тобистони соли равон низ дар робита ба корҳои таъмирӣ нақб баста шуда буд. Корҳои таъмиру навсозӣ муддати се моҳ давом карда, дар он дастгоҳҳои рӯшноидиҳанда, камераҳои мушоҳидавӣ ва ҳавософкунанкҳо насб карда шуд.Нақби панҷкилометрии "Истиқлол" муҳимтарин робити шимол бо ҷанубу ҷанубу ғарб ва ҷанубу шарқи Тоҷикистон буда, як гузаргоҳи стратегӣ ба ҳисоб меравад.Ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд маҳдуд шуд: то кай?Тарҳи он ҳанӯз замони шӯравӣ ба вуҷуд омада, сохтмонаш соли 2003 аз сӯйи ширкатҳои эронӣ бо ҳазинаи молии қариб 40–миллиондоллараи Тоҷикистону Эрон шуруъ шуд ва расман 26 июли 2006 аз сӯйи президентҳои ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ифтитоҳ ёфт.Бино ба иттилои ширкати IRS, корҳои таҷдиду таъмири нақби “Истиқлол”–ро низ мутахассисони ду кишвар анҷом хоҳанд дод.
https://sputnik.tj/20211217/irs-rohi-alternativa-masir-pulaki-sarfa-buja-1044225106.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/15/1032667040_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_3b51416dd2e4358a85fd4da588a99001.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нақлиёт, суғд, роҳ
дар тоҷикистон, нақлиёт, суғд, роҳ
Масири Душанбе - Чаноқ ҳамарӯза ба муддати ҳафт соат масдуд мешавад
14:00 22.12.2021 (Навсозишуда: 19:11 22.12.2021) Ширкати IRS аз маҳдудияти ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд хабар дод. Ин маҳдудиятҳо то замони пурра таъмир шудани нақби "Истиқлол" идома меёбанд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Роҳи Душанбе - Чаноқ ҳамакнун ба вақти шом ҳам масдуд мешавад, дар ҳоле ки қаблан ширкати IRS танҳо аз маҳдудиятҳои нисфирӯзӣ хабар дода буд.
Ин ширкат тасмимашро ба ҳарчи зудтар анҷом додани корҳои таъмирӣ дар нақби "Истиқлол" рабт дод.
Қаблан ширкати IRS хабар дод, ки аз 20 декабр барои 10 рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи ин нақб аз соати 09:00 то 13:00 боздошта мешавад. Аммо рӯзи гузашта маҳдудияҳо ба вақти шом ҳам ҷорӣ гардиданд.
Ҳамакнун ҳамарӯза аз соати 21:00 то 24:00 ҳарати нақлиёт дар ин масир масдуд мешавад ва дар нақб низоми ҳавософкунӣ насаб мешавад.
Ёдрас мекунем, дар роҳи ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи нақби "Истиқлол" борҳо маҳдудият ҷорӣ шуда буд. Тобистони соли равон низ дар робита ба корҳои таъмирӣ нақб баста шуда буд. Корҳои таъмиру навсозӣ муддати се моҳ давом карда, дар он дастгоҳҳои рӯшноидиҳанда, камераҳои мушоҳидавӣ ва ҳавософкунанкҳо насб карда шуд.
Нақби панҷкилометрии "Истиқлол" муҳимтарин робити шимол бо ҷанубу ҷанубу ғарб ва ҷанубу шарқи Тоҷикистон буда, як гузаргоҳи стратегӣ ба ҳисоб меравад.
Тарҳи он ҳанӯз замони шӯравӣ ба вуҷуд омада, сохтмонаш соли 2003 аз сӯйи ширкатҳои эронӣ бо ҳазинаи молии қариб 40–миллиондоллараи Тоҷикистону Эрон шуруъ шуд ва расман 26 июли 2006 аз сӯйи президентҳои ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ифтитоҳ ёфт.
Бино ба иттилои ширкати IRS, корҳои таҷдиду таъмири нақби “Истиқлол”–ро низ мутахассисони ду кишвар анҷом хоҳанд дод.