https://sputnik.tj/20211229/alomat-koronavirus-marg-1044495709.html
Аломати коронавирус, ки аз марг дарак медиҳад
Аломати коронавирус, ки аз марг дарак медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассисон бо аломати коронавирус дучор меоянд, ки дар беморхона бистарӣ шуданро талаб мекунад
2021-12-29T15:40+0500
2021-12-29T15:40+0500
2021-12-29T19:39+0500
тандурустӣ
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
омикрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040598925_0:100:1920:1180_1920x0_80_0_0_2bb4a7b67d26c081be0b2b3863f7f7ea.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар гирифторони коронавирус аломате ба монанди кабудшавии пӯст мушоҳида мешавад. Дар ин бора дар суҳбат бо URA.RU ходими пешбари илмии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, вирусшинос, биологи молекулавӣ Максим Скулачев хабар дод. Ба гуфти ӯ, вайрон шудани оксигенатсияи хун, фаъолияти шуш ва варамии онҳо як аломати маъмулии коронавирус мебошад. Ин падида дар ҳолатҳои вазнин будани беморӣ мушоҳида мешавад. Мутахассис тавзеҳ дод, ки сианоз (кабуд шудани пӯст ва луобпардаҳо)-ро бо ёрии пулсоксиметр пешгӯӣ кардан мумкин аст. Дар чунин ҳолат шахс бояд фавран дар беморхона бистарӣ шавад. Беморро бо ёрии оксиген, вентилятсияи механикӣ ва доруворӣ наҷот додан мумкин аст. "Духтурон медонанд, ки чӣ гуна аксари беморонро аз норасоии оксиген наҷот диҳанд", - илова кард Скулачев. Кабуд шудани пӯсти беморони COVID-19-ро мудири кулли "Clinical Excellence Group", иммунолог, номзади илмҳои тиб Николай Крючков низ тасдиқ кард. Вай қайд кард, ки дар чунин ҳолат аксаран бинии беморони гирифтори коронавирус сафед ё кабуд мешавад. Сианоз хеле кам ба тамоми бадан паҳн мешавад. Вирусшинос: Омикрони бенишона марговар астБо вуҷуди ин аномалияҳои муайяне мебошанд, ки ба сабаби ихтилоли мубодилаи моддаҳо бо COVID-19 намешаванд, шарҳ дод Крючков.
https://sputnik.tj/20211222/zukom-omikron-farqiyat-1044316811.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040598925_107:0:1814:1280_1920x0_80_0_0_f2f2a81a43b857e772f62a68ad172160.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аёнтарин, аломат, саратон, пизишк
аёнтарин, аломат, саратон, пизишк
Аломати коронавирус, ки аз марг дарак медиҳад
15:40 29.12.2021 (Навсозишуда: 19:39 29.12.2021) Мутахассисон аломати нави коронавирусро ошкор карданд, ки дар сурати бурузи он бояд фавран бемор бистарӣ карда шавад
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар гирифторони коронавирус аломате ба монанди кабудшавии пӯст мушоҳида мешавад.
Дар ин бора дар суҳбат бо URA.RU ходими пешбари илмии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, вирусшинос, биологи молекулавӣ Максим Скулачев хабар дод.
Ба гуфти ӯ, вайрон шудани оксигенатсияи хун, фаъолияти шуш ва варамии онҳо як аломати маъмулии коронавирус мебошад. Ин падида дар ҳолатҳои вазнин будани беморӣ мушоҳида мешавад.
Мутахассис тавзеҳ дод, ки сианоз (кабуд шудани пӯст ва луобпардаҳо)-ро бо ёрии пулсоксиметр пешгӯӣ кардан мумкин аст.
"Вақте ки оксиген аз сатҳи муайян паст мешавад, фавран ёрии таъҷилӣ занг занед, то ба сианоз оварда нарасонед", - таъкид кард вирусшинос.
Дар чунин ҳолат шахс бояд фавран дар беморхона бистарӣ шавад. Беморро бо ёрии оксиген, вентилятсияи механикӣ ва доруворӣ наҷот додан мумкин аст.
"Духтурон медонанд, ки чӣ гуна аксари беморонро аз норасоии оксиген наҷот диҳанд", - илова кард Скулачев.
Кабуд шудани пӯсти беморони COVID-19-ро мудири кулли "Clinical Excellence Group", иммунолог, номзади илмҳои тиб Николай Крючков низ тасдиқ кард.
Вай қайд кард, ки дар чунин ҳолат аксаран бинии беморони гирифтори коронавирус сафед ё кабуд мешавад. Сианоз хеле кам ба тамоми бадан паҳн мешавад.
Бо вуҷуди ин аномалияҳои муайяне мебошанд, ки ба сабаби ихтилоли мубодилаи моддаҳо бо COVID-19 намешаванд, шарҳ дод Крючков.